Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як минтақаи биёбони шимоли Афғоснитон қабри дастаҷамъӣ бо ҷасади садҳо мард ошкор гардид



Холидаи Қодир

Тахмин меравад, ин ҷасади толибони асир аст. Ин то ҳол бузургтарин қабритсони дастаҷамъӣ дар Афғоснитон мебошад.

Тахмин меравад, ин ҷасади толибони асир аст. Ин то ҳол бузургтарин қабритсони дастаҷамъӣ дар Афғоснитон мебошад. Онро гурӯҳи байналмилалии Табибон барои ҳуқуқи башар пайдо кард. Тафтишот ва мусоҳибаҳои ин гурӯҳ ба як нуқта ишора мекунанд, ки ин ҷасадҳои толибоне мебошанд, ки баъди шикасти маъмурияташон худро ба ҷанговарони Иттиҳоди Шимол таслим карда буданд. Намояндаи гурӯҳи ҳуқуқи башар Доктор Ҷенни Лининг дархост кард, ки як гурӯҳи хурди сарбозони байналмилалӣ ин минтақаро нигаҳбонӣ кунанд. Гурӯҳи ҳуқуқи башар мехоҳад, қабристони дастаҷамъиро бештар тафтиш кунад, теъдоди ҷасадҳо ва шахсияти онҳоро ба қадри имкон муайян намояд, дақиқ кунад, ки онҳо чӣ гуна кушта шудаанд. Ҷенни Лининг мегӯяд, маълум нест, ки масъули ин куштор кӣ аст. Дар ин минтақа гурӯҳҳои гуногуни афғон амал мекарданд, дар ин ҷо нирӯҳои амрико низ буданд. Доктор Лининг меафзояд, дар он вақт нирӯҳои Амрико дар замин ва дар ҳаво фаъол буданд, оё онҳо аз ин ҳодиса хабар доштанд? Ба ин суол полковник Рик Томас аз фармондеҳии марказии нирӯҳои амрикоӣ дар Флорида посух дод, ки вай аз масъалаи матраҳшуда бехабар аст. Рик Томас гуфт, вай чунин иддаҳоро шунидааст, ки гӯё вақте нирӯҳои афғон толибони асирро мекуштанд, сарбозони амрикоӣ ҳамон ҷо буданд ва манзараи кушторро тамошо мекарданд. Полковник Рик Томас иттилоъ дод, ки онҳо ин масъаларо тафтиш намуда, вале кадом далелеро барои исботи ин иддао пайдо карда накардаанд. Гурӯҳи Табибон барои Ҳуқуқи башар қабл аз он, ки гузориши худро дар бораи қабристони дастаҷамъӣ нашр кунад, дар ин бора ба раҳбари идораи муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай нома навишт, вале ба ин мактуб ҷавобе нагирифт. Зоҳиран, касе майл надорад, ки дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад, дар мавзӯъе, ки ба гуфтаи Доктор Лининг метавонад боиси як таркиши сиёсӣ шавад. Ӯ мегӯяд, "мо ҳеҷ шӯбҳа надорем, ки ин қабристони дастаҷамъӣ мебошад, мо ин инро тафтиш кардаем. Дар ин минтақа нишонаҳои дақиқи хоки кандашуда ба назар мерасад. Агар ба он наздик равед, шумо устухонҳо, косаи сар, тоқӣ, тасбеҳ, пояфзол ва либоси мардонаро мебинед, ки ба рӯи хок баромадаанд". Ҳеҷ кас дақиқ намедонад, ки ин ҷасадҳо киҳо буданд. Вале Гурӯҳи табибон барои ҳуқуқи башар тахмин мекунад, ки ин ҷасадҳои толибони асир аст. Баъди шикасти толибон дар Қундуз ва Толуқон қариб 5 ҳазор нафари онҳо худро ба нирӯҳои Иттиҳоди Шимол таслим карда буданд. Вале баъдан танҳо се ҳазори он асирон боқӣ монданд. Баъзе шаҳодатҳои дигар низ ишора ба он мекунанд, ки масъули ин куштор шояд Иттиҳоди Шимол аст ва ин ҳодиса моҳҳои декабр январ сурат гирифтааст. Ҳам Иттиҳоди Шимол ва ҳам толибон ба чандин куштори дастаҷамъӣ гунаҳгор дониста мешаванд. Тибқи як гузориши Созмони Милал соли 1997 Иттиҳоди Шимол қариб ду ҳазор толибро ба қатл расонид. Як сол баъди он, толибон ба куштори дастаҷамъии шиаҳо ва ҳазораҳо мутаҳам гардиданд. Бисёр кушторҳои дастаҷамъӣ дар Афғонистон бар пояи душманиҳои этникиву қавмӣ сурат гирифтаанд. Танҳо дар шимоли Афғонистон ҳадди аққал 13 қабристони дастаҷамъӣ ошкор шудааст, вале шумори умумии чунин қабрҳо дар сар то сари кишвар маълум нест.

XS
SM
MD
LG