Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони хусусии "Сомониён" дубора ба фаъолият сар кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Мудири соҳибимтиёзи шабака Икром Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, намойишҳои "Сомониён", ки ҳанӯз соли 1993 таъсис ёфта буд, бо сабаби иштибоҳҳои фаннӣ қатъ гашта буданд.



Пас аз танаффуси яксола шабакаи хусусии телевизионии "Сомониён" бо дарёфти иҷозати Кумисюни литсензионии радио ва телевизиони Тоҷикистон дубора ба пахши намойишҳои худ дар шаҳри Душанбе оғоз кард. Мудири соҳибимтиёзи шабака Икром Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, намойишҳои "Сомониён", ки ҳанӯз соли 1993 таъсис ёфта буд, бо сабаби иштибоҳҳои фаннӣ қатъ гашта буданд. Вай афзуд, телевизиони хусусӣ асосан бо забони тоҷикӣ намойиш таҳяи карда, таҳти унвони "Навиди дигар" намойиши хабарӣ ва "Пресс-клуб" баҳсҳои сиёсӣ, иқтисолдию иҷтимоиро дар пахши зинда ба роҳ хоҳад монд. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, шабака аз даромади огаҳӣ ва реклама таъмини молӣ мешавад ва аз ҳеҷ созмону ташкилоте сармоягузорӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG