Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадорони Фаронса фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъудро ба Ҷойизаи Сулҳи Нобел пешбарӣ карданд



Салими Аюбзод

Муроҷиатномаи сиёсатмадорони фаронсавӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷой дода шуд ва дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 4 000 кас, ба ҷумлаи аъзои идораи муваққати Афғонистон зери он имзо гузоштанд.

Як гурӯҳ сиёсатмардони Фаронса пешниҳод кардаанд, ки фармондеҳи машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба гирифтани Ҷойизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад. Кафили сафорати Афғонистон дар Порис Меҳробуддини Мастон мегӯяд, собиқ узви парламенти Фаронса, генерал Фелип Морилон ва узви маҷлис Ричард Сазенав ҳанӯз моҳи январ дар ин бора дархосте фиристодаанд ба кумитаи ҷойизаҳои Нобел дар Норвегия. Муроҷиатномаи сиёсатмадорони фаронсавӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷой дода шуд ва дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 4 000 кас, ба ҷумлаи аъзои идораи муваққати Афғонистон зери он имзо гузоштанд. Ҳаррӯза дар зери нома имзоҳои нав пайдо мешаванд. Аммо тибқи низомномааш Ҷойизаи Сулҳи Нобел баъди марг дода намешавад ва дар таърихи он танҳо як дафъа истисно сурат гирифтааст. Дар соли 1961 ин мукофот ба собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Даг Ҳаммарскиолд, дипломати швед баъди сари ӯ дода шудааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ҷаноби Меҳорбуддини Мастон, наздики 50 нафар аз аъзои парламентҳои Аврупо ва Фаронса номае навишта, дар он аз пешниҳоди ба Аҳмадшоҳи Масъуд дода шудани Ҷойизаи Сулҳи Нобел пуштибонӣ карданд ва дархост намуданд, дар ин ҳолати истисноӣ талаботи низомнома ба назар гирифта нашавад.

XS
SM
MD
LG