Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой нақши нав бозидан мехоҳад



Сергей Благоев (Евразиянет)

Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки баъд аз имзои як мувофиқатнома дар бораи таъйини хатҳои марзӣ миёни Чин ва кишварҳои шуравии собиқ ташкил шуда буд, акнун дар ҳоли тавсеъа додани фаъолиятҳои диплумотии худ мебошад.

26-27- уми апрел вазирони хориҷаи Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон дар Москов ба вазирони хориҷаи Чину Руссия пайвастанд, то масъалаҳои омодагӣ барои мулоқоти 7-уми июни раҳбарони кишварҳои узв дар Санкт-Петербургро баррасӣ кунанд. Нашрияи "Евразиянет" менависад, аз моҳи октябри соли гузашта, яъне аз замоне, ки ба раҳбарии Амрико мубориза алайҳи терроризм оғоз гардид, ин созмон аҳамияти бештаре барои худ қоил шуд ва кишварҳои дигар низ ба он бештар таваҷҷуҳ пайдо карданд. Дар ҳоле, ки ин созмон аз иҷрои тавофуқоти ибтидоиаш ҳар чӣ бештар фосила мегирад, ба ҳамон андоза нақши он ба унвони рақиби манофеъи Амрико дар минтақа рушан мешавад. Акнун баъд аз боздидҳои Доналд Рамсфелд-вазири дифоъи Амрико ва Муҳаммади Хотамӣ-раиси ҷумҳури Ирон аз Осиёи Марказӣ ин созмон талош дорад дар таъйини сарнавишти минтақа яке аз нақшҳои аслиро ба дасти худ бигирад. Игор Иванов ва Танг Зиянг Суан-вазирони хориҷаи Руссия ва Чин рузҳои 26 ва 27-уми апрел ба рузноманигорон изҳор карданд, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳои Шангҳой дар моҳи июн дорои аҳамияти байналмилалӣ хоҳад буд. Хабаргузории РИА Новости ба нақл аз вазири хориҷаи Чин навишт, ки Созмони Шонгҳой маҳфиле нест, ки дар он мубоҳисоти пуч анҷом бигирад, балки созмонест, ки метавонад дар муборизаи нируҳои байналмилалӣ алайҳи террор саҳми муҳим дошта бошад. Ба ақидаи нозирон, интизор меравад, ки дар ин мулоқот раҳбарони кишварҳои Шонгҳой низомномаи худ ва эъломияе ба тасвиб расонанд ва як қарордод дар бораи таъсиси маркази минтақаии мубориза алайҳи терроризм дар Бишкекро имзо кунанд. Шояд кишварҳои Шонгҳой бо таъсиси чунин марказ мехоҳанд талошҳои Амрикоро барои ташкили пойгоҳҳои низомӣ зери назар бигиранд ва ё як навъ тавозуне дар баробари он ба вуҷуд оранд. Вале мазмуну мундариҷаи низомномаи онҳо то ҳол ифшо нашудааст. Ба навиштаи нашрияи "Евразиянет", баъзеҳо интизор буданд, ки 26-уми апрел вазирони хориҷаи ин кишварҳо як низомномаи 30 сафҳаиро имзо мекунанд. Вале ин санад имзо нашуд ва Илҳом Неъматов-муовни вазири хориҷаи Узбакистон изҳор кард, ки баъзе масъалаҳо бидуни ҳал боқӣ мондааст. Баъзеҳои дигар гуфтанд, ки ин санад 95 дарсад омода аст ва танҳо сохторҳои созмони Шонгҳой бояд дақиқ шавад. Аз ҷумла , вазири хориҷаи Руссия гуфт, ки қабл аз этибор пайдо кардани низомномаи Шонгҳои бояд кишварҳои узв 30 қарордоди ҳамкориро ҳамоҳанг кунанд. Он гуна, ки намояндагони кишварҳои узв тавзеҳ медиҳанд, фаъолияти Шонгҳой кушишҳои Амрико барои мубориза бар зидди терроризмро такмил мекунад. Яъне амнияти манобеъи нафтро таъмин мекунад ва суботу оромии давлатҳои минтақаро нигоҳ медорад. Масалан, Талбак Назаров-вазири хориҷаи Тоҷикистон ба рузноманигорон изҳор карда буд, ки нируҳои эътилофи зиддитерор бояд аз гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар марз бо Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд. Вале таҳлилгарон мегуянд, ки дар миёни кишварҳои Шонгҳой рақобатҳо низ вуҷуд дорад. Александр Яковенко- сухангуи вазорати хориҷаи Руссия мегуяд, дар миёни кишварҳои узв раҳбаре, яъне лидер дида намешавад ва бар асоси тавофуқоти мавҷуда ҳамаи кишварҳои узв дар созмон баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, вақте ки Узбакистон дар соли 2001 ба узвияти ин созмон даромад, созмон эълон кард, ки фаъолиятҳои худро бар зидди терроризм тавсеъа медиҳад ва бар фаъолияти гуруҳҳои мазҳабӣ дар минтақа назорат мекунад. Узбакистон ба унвони кишвари дорои аҳолии зиёд дар Осиёи Марказӣ, метавонад нигарониҳои Чинро дар мавриди ҷудоиталабӣ доман занад ва Руссияро ташвиқ кунад, ки дар ин созмон нақши раҳбариро бар уҳда бигирад. Бо вуҷуди ин ки баъзе аз ташаббусҳои кишварҳои Шонгҳой дар бораи ҳамлу нақли коло тавассути Роҳи Абрешим ба манофеъи Амрико низ мусоидат мекунад, вале талошҳои онҳо дар масоили амниятӣ аз барномаҳои амниятии нируҳои эътилофи зидди террор ба раҳбарии Амрико дар минтақа тафовут дорад. Ҳамзамон Узбакистон аз густариши тиҷорат дар минтақа нисбат ба дигарон метавонад суди бештаре барад, ба ин далел вай ҳатто рақибони Амрикоро, аз қабили Ирон, пазируфт ва ҳоло ҳам намехоҳад ба ибтикори кишварҳои Шонгҳой роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мухолифат кунад, зеро ин ҳамкориҳо ба рушди қтисоди Узбакистон кумак мекунад. Аз суи дигар, созмони ҳамкории Шонгҳой мумкин аст, умеди Чинро, ки мехоҳад нуфузи Амрикоро дар минтақа заъиф кунад ва бо ширкати Руссия ҷаҳони ба истилоҳ чандқутбӣ дуруст кунад, барбод диҳад. Сергей Яковенко- сухангуи вазорати хориҷаи Руссия гуфтааст, ки ин кишвар намехоҳад, ки Созмони Шонгҳой аз ҳисоби узвияти кишварҳои дигар тавсеъа ёбад, гарчӣ Ирону Муғулистон талош доштанд, ки ба узвияти ин созмон дароянд.

(Баргардони Нурмуҳаммади Холзода)

XS
SM
MD
LG