Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи ҳавойии Кӯлоб-Душанбе-Екатеринбург боз шуд



Абдуқаюми Қаюмзод

Нахустин парвоз рӯзи якуми моҳи май ба амал омада, аз ин ба баъд ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе як ҳавопаймои ТУ-154 аз фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба самти Екатеринбург раҳсипор мегардад.

Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикистон" масири нави парвозро миёни шаҳрҳои Кӯлоб, Душанбе ва Екатеринбурги Русия боз намуд. Нахустин парвоз рӯзи якуми моҳи май ба амал омада, аз ин ба баъд ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе як ҳавопаймои ТУ-154 аз фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба самти Екатеринбург раҳсипор мегардад. Намояндаи ширкати ҳавонавардии "Тоҷикистон" ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи чиптаи парвоз барои ҳар мусофир 170 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG