Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад



Соҷидаи Мирзо

Дар заминаи баррасии мавзӯъи мубориза бо терроризм Рамсфелд аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон барои ширкати дар ин маъракаи байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуд.



Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд, рӯзи сешанбе, зимни як нишасти матбуотӣ дар Пентагон гуфт, ки ҳафтаи равон сафари кӯтоҳеро дар Афғонистон ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом хоҳад дод. Рамсфелд дар шарҳи барномаи сафари худ афзуд, ки ба думболи анҷоми дидору гуфтугу бо мақомоти давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар Маскав бо вазири дифоъи Руссия Сергей Иванов мулоқот ва масъалаи равобити Русияву Амрикоро матраҳ мекунад. Дар заминаи баррасии мавзӯъи мубориза бо терроризм Рамсфелд аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон барои ширкати дар ин маъракаи байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуд. У афзуд ҷойи шубҳа нест, ки ҳамкории давлатҳои минтақа дар ҷанги байналмилалии зиддидаҳшатафканӣ хеле чашмгиру муфид буд ва Амрико ба ин ҳамкорӣ арҷ мегузорад. Рамсфелд рузи мушаххаси сафари худро эълон накард ва гуфт, ки ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG