Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардумони чандин ноҳияи Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ осеб диданд



Сайидмуҳиддини Оймуҳаммад

Обхезӣ дар Яхсой садҳо ҳектар киштзори ноҳияи Восеъро аз байн бурд ва шамолҳои сахт дар Зафарободу Ғончӣ боми 140 хона ва 2 мактабро барканд.



Дар Панҷакент бар асари фурӯ афтодани кӯҳпора ба рӯйи манзили сокини деҳаи Шинг як наврас кушта ва як кӯдак сахт маҷрӯҳ шудаанд. Боронҳои сел се пулро дар масири Душанбе -- Хоруғ нобуд карданд ва ҳаракати нақлиёт дар ин самт қатъ шудааст. Обхезӣ дар Яхсой садҳо ҳектар киштзори ноҳияи Восеъро аз байн бурд ва шамолҳои сахт дар Зафарободу Ғончӣ боми 140 хона ва 2 мактабро барканд. Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабарҳо ба бартараф кардани оқибатҳои ин фалокатҳо машғул аст.

XS
SM
MD
LG