Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Сургут аз тарафи фашистони рус кушта шуд



Муҳаммадраҳими Сайдар

як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Сургут бо ваҳшатноктарин шева кушта, ин маросими одамкушии худро дар навори видео гирифтанд ва ба шаҳрҳои дигари Русия, ба созмонҳои фашистӣ фиристоданд. Тоҷики дуюм, ки шоҳиди ин ҳамла буд, бо мӯҷизае аз дасти сартарошидаҳо



Сартарошидаҳо ва ё худ нажодпарастони рус, ки таҳдид карда буданд, дар рӯзи таваллуди Ҳитлер даст ба қатли хориҷиён мезананд, як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Сургут бо ваҳшатноктарин шева кушта, ин маросими одамкушии худро дар навори видео гирифтанд ва ба шаҳрҳои дигари Русия, ба созмонҳои фашистӣ фиристоданд. Тоҷики дуюм, ки шоҳиди ин ҳамла буд, бо мӯҷизае аз дасти сартарошидаҳо фирор кард. Дар рӯзи таваллуди Ҳитлар дар Сургут ҷамъомади гурӯҳҳои нажодпарасти рус баргузор шуд, ки дар 800 нафар иштирок кард. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки дастаҳои одамкуши рус дар пойгоҳҳоио Вазорати умури дохилии ин кишвар машқи ҳарбӣ мегиранд. Сафорати Тоҷикистон ба куштори Сургут ҳеҷ гуна вокунише нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG