Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов дар паёми солонаи худ самтҳои нави сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро номбар намуд



Мирзонабии Холиқзод

Дар минтақа, ба гуфтаи президент Раҳмонов, Тоҷикистон ифтихор дорад, ки аз Ҷабҳаи Муттаҳидаи зидди Толибон пуштибонӣ намуд ва ҳоло низ омода аст, кӯмаки худро ба эҳёи Афғонистон идома диҳад. Вай афзуд, Тоҷикистон бидуни таҳкими равобити неки ҳамсоягӣ бо Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон нахоҳад тавонист, пешрафте ҳосил кард.



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми солонаи худ ба миллат ва парламенти Тоҷикистон гуфт, диққати асосӣ бояд ба вазифаҳои оянда ва роҳҳои иҷрои онҳо нигаронида шавад. Вай гуфт, беҳбуди зиндагии аҳолӣ замоне даст хоҳад дод, ки парламент ҳарчӣ зудтар қонунҳои заруриро ба тасвиб расонда, ба ислоҳоти густардаи иқтисодӣ роҳ кушояд ва дар ин замина сармояҳои муҳими хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷалб шаванд. Дар минтақа, ба гуфтаи президент Раҳмонов, Тоҷикистон ифтихор дорад, ки аз Ҷабҳаи Муттаҳидаи зидди Толибон пуштибонӣ намуд ва ҳоло низ омода аст, кӯмаки худро ба эҳёи Афғонистон идома диҳад. Вай афзуд, Тоҷикистон бидуни таҳкими равобити неки ҳамсоягӣ бо Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон нахоҳад тавонист, пешрафте ҳосил кард. Аммо Русия ҳамчун "сарчашмаи амният ва коршарики мӯътамад"- и Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва дар айни ҳол ҳамкориҳо бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида густариш пайдо хоҳанд кард, гуфт президент Раҳмонов. Вай пайванди Тоҷикистонро ба Барномаи сулҳи НАТО яке аз дастовардҳои кишвар номид. Дар сатҳи умумиҷаҳонӣ, гуфт райисҷумҳури Тоҷикистон, бояд нақши Созмони Милали Муттаҳид дар муборизаи зидди терроризм ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ афзойиши бештар касб кунад.

XS
SM
MD
LG