Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар ҷамъбасти сафари вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров



Холидаи Қодир

Ҳарду ҷониб тааҳҳуди худро дар мавриди муносибатҳои нави дарозмуддат дар пояҳои нав, дар пояи ҳадафҳои муштараки мубориза зидди терроризми байналмилалӣ, аз байн бурдани манбаъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молии тундравӣ ва ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ баён карданд.

Рӯзи якшанбе Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида баёнияи муштараки худро бо ҳукумати Тоҷикистон нашр кард, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад: "Ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров, рӯзҳои 17 ум 18 уми апрели соли 2002 ум бо бо ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар Вошингтон машваратҳои густарда ва муҳимро ба роҳ монд. Ин ҳайат бо ноиби президент Чейни мулоқот кард ва ҳамчунин дар зиёфати расмии муовини котиби давлатӣ Армитейҷ ширкат дошт. Онҳо ҳамчунин бо вазорати молия, Шӯрои Амнияти миллӣ, Оҷонсии ИМ барои рушди байналмилалӣ, вазорати дифоъ ва аъзои муҳими Конгресс сӯҳбатҳо доштанд. Ин сӯҳбатҳо асосан дар масъалаи рушди иқтисод ва амният сурат гирифтанд. Иёлоти Муттаҳида қадршиносии амиқи худро аз тасмими таърихии Тоҷикистон дар мавриди пуштибонӣ аз эътилофи байналмилалии зидди террор бори дигар тасдиқ кард. Ҳарду ҷониб тааҳҳуди худро дар мавриди муносибатҳои нави дарозмуддат дар пояҳои нав, дар пояи ҳадафҳои муштараки мубориза зидди терроризми байналмилалӣ, аз байн бурдани манбаъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молии тундравӣ ва ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ баён карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда дод, ки барномаи ислоҳоти иқтисодро идома медиҳад, нахустин сафири худро ба ИМ мефиристад ва дар шаҳри Вошингтон сафорати худро таъсис медиҳад. Иёлоти Муттаҳида тааҳҳуд кардааст, ки ҳамкории густарда ва кӯмакҳои худро барои расидан ба ин ҳадаф афзоиш медиҳад."

XS
SM
MD
LG