Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарҳанги нирӯҳои марзбони Тоҷикистон бо 7 кило ҳеройин ба даст афтод



Хоҷа Мирзода

Рӯзи якшанбе хабаргузории Франс пресс ба нақл аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузориш дод, ки нерӯҳои таъйиноти хос мошини ин мансабдори Кумитаи давлатии ҳифзи марзи Тоҷикистонро ҳангоми ҳаракат аз ҷануби кишвар ба самти пойтахт: шаҳри Душанбе, мутаваққиф намуданд. Дар дохили мошин халтаҳои селофан бо ҳафт килограмм ҳероини афғонӣ ёфт шуд. Сухангӯи вазорати умури дохилӣ аз ошкор сохтани номи полковники хадамоти марзбонӣ худдорӣ намуд, вале гуфт, ки ӯ 45-сола аст ва ҳамроҳ бо ӯ ҳамсафараш шаҳрванди 36-солаи афғон ба ҳабс гирифта шуд.



Хадамоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон як полковник ё худ сарҳанги хадамоти марзбони ин кишварро бо ҳафт килограмм ҳероин боздошт намуданд. Рӯзи якшанбе хабаргузории Франс пресс ба нақл аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузориш дод, ки нерӯҳои таъйиноти хос мошини ин мансабдори Кумитаи давлатии ҳифзи марзи Тоҷикистонро ҳангоми ҳаракат аз ҷануби кишвар ба самти пойтахт: шаҳри Душанбе, мутаваққиф намуданд. Дар дохили мошин халтаҳои селофан бо ҳафт килограмм ҳероини афғонӣ ёфт шуд. Сухангӯи вазорати умури дохилӣ аз ошкор сохтани номи полковники хадамоти марзбонӣ худдорӣ намуд, вале гуфт, ки ӯ 45-сола аст ва ҳамроҳ бо ӯ ҳамсафараш шаҳрванди 36-солаи афғон ба ҳабс гирифта шуд. Дар ибтидои соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон бо ишора ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти марзбонони тоҷик Раиси Кумитаи Ҳифзи марз ва панҷ муовини ӯро аз мансаб сабукдӯш карда буд. Дар ҳамин ҳол як мусофири озими Маскав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо се килограмм ҳеройин боздошт гардид.

XS
SM
MD
LG