Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Якуним ҳазор мусофири тоҷик дар роҳ ба сӯйи Русия гирифтори тарма ва полиси Қирғизистон шудаанд



Насибҷони Амонӣ

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки пас аз панҷ рӯзи боздошт, полиси ин вилоят ба мусофирони тоҷик иҷоза дод, роҳи худро дар самти Бишкек ва пасон Русия идома диҳанд.

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки пас аз панҷ рӯзи боздошт, полиси ин вилоят ба мусофирони тоҷик иҷоза дод, роҳи худро дар самти Бишкек ва пасон Русия идома диҳанд. Ин мақомот мегӯянд, полиси маҳаллӣ барои он тайи панҷ рӯз ба онҳо иҷозаи сафар надод, ки мусофирон натавонистаанд, маблағи дархосткардаи кормандони полисро ҷамъ оваранд. Ҳамкорони мо дар Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯянд, моҳи гузашта айни чунин ҳодиса иттифоқ афтода, дар асари он тоҷикон ба полиси маҳаллӣ наздики 1 000 доллари америкоӣ ришват дода, сипас тавонистанд, роҳи худро дар пеш гиранд. Маълум нест, ки оё дар рӯйдоди дуюм мусофирони тоҷик чӣ қадар маблағ ба полис додаанд, вале ҳангоми давом додани роҳ дар ағбаи Тушкумур тарма роҳи онҳоро бастааст ва ду рӯз аст, онҳо дар ин мавзеъи кӯҳӣ роҳбанд мондаанд. Муҳоҷирони иқтисодии Тоҷикистон, ки дар 18 автобус сафар мекунанд, мехоҳанд дар Русия кор ва музде пайдо кунанд. Соли гузашта дар ҳамин масир як автобус ба ҷарӣ афтода, 21 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG