Пайвандҳои дастрасӣ

"Ислом, сиёсат ва ҷомеъа" мавзӯъи конфаронси минтақавӣ дар шаҳри Душанбе



Сайидмуҳиддини Оймуҳаммад

Дар нишасти рӯзи шанбеи 20-уми апрел суханронии исломшиноси машҳур, корманди Маркази Карнегӣ дар Маскав Алексей Малашенко ба вазъи имрӯзаи исломи сиёсӣ ва дурнамои он дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд.

Дар шаҳри Душанбе нишасти илмию амалие баргузор гардид таҳти унвони "Ислом ва ҷомеъа". Дар он пажӯҳишгарону коршиносон, сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Дар нишасти рӯзи шанбеи 20-уми апрел суханронии исломшиноси машҳур, корманди Маркази Карнегӣ дар Маскав Алексей Малашенко ба вазъи имрӯзаи исломи сиёсӣ ва дурнамои он дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд. Дар нишастҳои баъдӣ, ки 21-уми апрел дойир мегардад, мушовири президенти Тоҷикистон Иброҳим Усмонов ва намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ изҳори андеша хоҳанд кард. Аксари сухангӯён мавҷудияти пиндошти пешдоваронаро дар мавриди исломи сиёсӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ва ё ғараздории матбуотро дар ин мавзӯъ сабаби мушкилоти ҷомеъа бо исломи сиёсӣ номиданд.

XS
SM
MD
LG