Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машқи муштараки ҳарбӣ, ки дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, аз Қазоқистон то ба Тоҷикистон доман паҳн мекунад



Холидаи Қодир

Дар он асосан нирӯҳои Қазоқғистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат доранд. Ҷумҳурии Арманистон, Белорус, Молдова ва Украина нозирони худро мефиристанд.

Дар он асосан нирӯҳои Қазоқғистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат доранд. Ҷумҳурии Арманистон, Белорус, Молдова ва Украина нозирони худро мефиристанд. Машқҳои муштарак таҳти назари гурӯҳи нисбатан навтаъсиси Ҷомеаи Муштаракулманофеъ бо номи Маркази Зиддитеррор баргузор мешаванд. Дар таърихи навини Осиёи Марказӣ ин бузургтарин тамрини ҳарбӣ мебошад. Таҳлилгарон вақти баргузории ин маъракаро зери суол мегузоранд. Онҳо мегӯянд, чунин машқҳои густардаи ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ замоне суръат мегиранд, ки минтақа дар муқоиса бо чанд соли қабл, баръакс амнияти бештар дорад. Дар ҳамин ҳол, баъзеҳо ҳузури ҳарбии ИМА-ро дар минтақа ва бештар аз он мӯҳлати ин ҳузури ҳарбиро ёдовар мешаванд. Марҳилаи севвуми машқҳо, таври маълум, дар ҷануби Тоҷикистон барпо мешавад. Албатта, худи машқҳои муштараки ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ кадом хабари нав нест. Ҳанӯз соли 1997 нирӯҳои се ҷумҳурии минтақа тибқи барномаи НАТО Ҳамкорӣ барои сулҳ тамрини мушатарак доштанд. Баъди ҳуҷумҳои Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон ба минтақа, чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, якҷо бо Русия машқҳои зидди террорро бо номи Сипари Ҷанубӣ баргузор намуданд. Машқҳои кунунӣ, ки Ҷануб Зидди Террор 2002 ном доранд, шакли густардатари барномаи Сипари Ҷанубӣ мебошанд. Дар шурӯъи машқи муштарак раиси маркази зидди террори Ҷомеаи муштаракулманофеъ Борис Милников зарурати онро шарҳ дод. Зимни ин шарҳ генерал Милников ҳамчунин назари худро роҷеъ ба ҳузури ҳарбии Амрико дар минтақа баён кард. Ӯ гуфт, ки маъракаи зидди террори Амрико ташаннуҷи вазъи Осиёи Марказиро ором кард, вале проблемаи терроризмро комилан аз байн набурдааст. Милников мегӯяд, машқи муштарак ба зидди гурӯҳҳои террористе дар назар дошта шудааст, ки бо фирор аз марзи Афғоснитон вориди Осиёи Марказӣ мешаванд. Генерал Милников аз эҳтимол дур намедонад, ки маъракаи зидди террор дар Афғонистон ба ақидаи вай, метавонад боиси ташаннуҷҳои сиёсиву иҷтиомӣ дар Осиёи Марказӣ шаванд. Ӯ пешбинӣ мекунад, ки дар ин робита, гурӯҳҳои тундрав метавонанд фаъолияти худро бештар авҷ диҳанд. Мудири бахши пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Ҳарвард Ҷон Шуберлин мегӯяд, дар воқеъ дар минтақа хатар вуҷуд дорад, ва дар ҳамин ҳол Русия мехоҳад нишон диҳад, ки Русияву кишвароҳи Осиёи Марказӣ ба зидди чунин хатарҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Ташвишҳои амниятӣ аз байн нарафтаанд. Албатта, тарафи дигари ин машқи муштарак таҳкими иттиҳод миёни кишварҳои муштаракулманофеъ ва густариши имконоти ҳарбии онҳо мебошад. Агарчӣ онҳо ба таври мунтазам машқҳо барпо мекунанд, вале боз ҳам дар ин маврид баъзе шӯбҳаҳо ҷой доштанд. Шӯбҳаҳое буданд, ки ин кишварҳо то чӣ андоза ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши амният таваҷҷӯҳ доранд. Бо афзоиши ҳузури ҳарбии Амрико дар кишварҳое чун Қирғизистон, албатта, шубҳаҳо бештар мешаванд, ки оё ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ба ҳамкорӣ бо Русия майл доранд, ё на.

Ӯзбакистон, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳамкорони наздики Русия набуд, дар машқи Ҷануб Зидди террор 2002 ширкат намекунад. Барои нишон додани аҳамияти машқҳои муштарак Русия ду мақоми баландпоя - Раиси хадамоти федералии амният Николай Патрушев ва Фармондеҳи нирӯҳои федералии марзбон Константин Тотскиро барои назорати машқҳо ба Осиёи Марказӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG