Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сартарошида"-ҳои Маскав ба хориҷиён таҳдид мекунанд



Муҳаммадраҳими Сайдар

Рӯзи чоршанбе дар истгоҳи метрои Полянка як шаҳрванди Афғонистон баъди латукӯби фашистҳои навбаромади Русия ба ҳалокат расид. Сафоратхонаи Афғонистон дар ин бора ба ҳукумати Русия эътирози шадид баён кард.



Полиси Москов барои ҷилавгирӣ аз талошҳои харобкоронаи ҷамъияти сартарошидаҳо ва ё скинҳедҳо ва ё бритоголовиҳо дар Москов тадобири шадиди амниятиро дар ин рузҳо руи даст гирифтааст. Сартарошидаҳо қаблан эълон карда буданд, ки 20 апрел дар рузи таваллуди Ҳитлер ба озору шиканҷаи муйсарсиёҳҳо дар Москов хоҳанд пардохт. То ҳол аз дасти сартарошидаҳо чанд тан дар Москов кушта шудаанд. Рӯзи чоршанбе дар истгоҳи метрои Полянка як шаҳрванди Афғонистон баъди латукӯби фашистҳои навбаромади Русия ба ҳалокат расид. Сафоратхонаи Афғонистон дар ин бора ба ҳукумати Русия эътирози шадид баён кард. Ба гуфтаи раиси полиси пойтахти Руссия нирӯҳои артиш низ дар рӯзи 20-уми апрел ба полис барои таъмини амнияти муйсарсиёҳҳо ба полис кумак мекунад. Вале ҷамъияти сартарошидаҳо дар як номаи худ изҳор кардааст, ки мақомоти Москов аз фаъолияти онҳо ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG