Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯҳо аз Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мумкин аст, Тоҷикистонро ба ҷабҳаи аввали амниятӣ табдил диҳанд



Даврони Валӣ (Евразиянет)

Дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ кушишҳоеро барои бунёди ҷомеъаи мӯътадили демократӣ дар Афғонистон ба харҷ медиҳанд, давлатҳои Осиёи Марказӣ аз хатари воқеъии гурӯҳҳои ҳамсилоҳи Толибон дар ташвиш афтодаанд, ки оё бо шикасти Толибон ва таъқиби террористҳо дар Афғонистон ҷангиёни ҳамақида ва ҷонибдори Толибон кадом кишварро пойгоҳи навбатӣ қарор хоҳанд дод?

Ӯзбакистон ҳанӯз ҳам аз ҳуҷуми нирӯҳои Ҳаракати исломии Ҷумъаи Намангонӣ-- шарики наздиктарини Толибон метарсад. Русия масъалаи саркӯбии шӯришгарони чечен ва Чин ҷудоихоҳони Уйғурро матраҳ мекунад, ки гӯё бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон тамоси наздик доранд. Аммо Тоҷикистон, бо марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва хотироти нороҳаткунанда аз Ҷумъаи Намангонӣ, заъфпазиртарин кишварҳои ҳамсояи Афғонистон номбар мешавад. Тоҷикистон баъди созиши ҳукумату оппозитсиюн ва итмоми ҷанги шаҳрвандӣ худро аз Ҷумъаи Намангон ва ҷангиёни у озод намуд ва ин раҳоӣ баъди пахши хабари ҳалокати сарвари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, дар ҷараёни ҷанги Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон боз ҳам тақвият ёфт. Аммо ин хабар тасдиқи қатъи пайдо накард. Ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ дар тӯли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз оппозитсиюни ҳукумат пуштибонӣ мекарданд ва баъди итмоми ҷанг қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд. Беш аз 500 сарбози Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро бо аҳли байти онҳо бо чархболҳои нируи марзбони Руссия аз водии Қаротегин ба Афғонистон интиқол ёфтанд. Ин гурӯҳҳо ҳамроҳи ҷангиёни уйғур ва чечен ба Толибон пайвастанд ва алайҳи Эътилофи Шимол ҷангиданд. Хабари ҳалокати Ҷумъаи Намангонӣ дар оғози маъракаи зиддитерори Амрико, баъди суқути Мазори Шариф пахш ва аз ҷониби ҷангсолорони шинохтаи Афғонистон таъйид гардид. Бо вуҷуди гузориши бунгоҳҳои хабарӣ, ки мегуфтанд, ҷасади Ҷумъаи Наманагонӣ дар наздикиҳои Кобул ба хок супурда шуд, марги ӯ ҳанӯз тасдиқи комил пайдо накардаст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов 27 декабр зимни як нишасти матбуотӣ дар Тошканд баён дошт, ки нирӯҳои махсуси Афғонистон дар сурати зарурат ҷасади ӯро пайдо хоҳанд кард. Аммо касе то ҳол ҷасади Намангониро надидаст. Ва бо ин ҳол мақомоти Амрикову Тоҷикистон зинда будани Намангониро соқит намекунанд. Онҳо мегӯянд, иттилоъе мавҷуд аст, ки баъзе аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бо шумули худи ӯ аз ҳуҷумҳо ҷон ба саломат бурдаанд. Ҳароси аслии ҳукумати Раҳмонов аз ин аст, ки эҳтимолан ҷангиёни ӯзбак бо Намангонӣ ва ё бидуни барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон талош хоҳанд кард. Марта Брил Олкот корманди Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Карнеги 11 январ ҳушдор дод, ки тайи чанд моҳи гузашта аксар ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ ба пойгоҳи худ дар Тоҷикистон баргаштанд ва бо барномаи ҳуҷуми оянда ба Ӯзбакистон ҷонибдор меҷӯянд. Рузноманигори тоҷик Додоҷони Атовулло дар нашрияи "Коммерсантъ" навишт, ки президент Раҳмонов ба ҳузури Намангонӣ дар Тавилдара иҷозат додааст. Сарҳанги қирғиз Таланд Раззоқов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ақидаи ҳамрангро баён намуд. Хомӯшии президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар баробари ин гуна гузоришҳо низ баёнгари он аст, ки мақомоти Тошканд бозгашти ҷангиёни Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонроо ба қаламрави Тоҷикистон соқит намекунанд. Ҳеҷ кас намедонад, ки ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва гурӯҳои дигари ифротгаро кай ва дар куҷо сар мебардоранд. Аммо барои саркӯбии чунин гурӯҳҳо Тоҷикистон эҳтимолан ба кӯмаки Руссияву Узбакистон ва ҳарсе шояд ба Амрико умед хоҳанд баст.



(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG