Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти подшоҳи собиқи Афғонистон ба ватан: кӯмак ба субот ва ё оғози сабқати нави сиёсӣ?



Соҷидаи Мирзо

Подшоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки 29 сол пеш ҳамчун марди тануманд, бо тахти сарнагуншуда дурӣ аз Ватанро ихтиёр карда буд, дар синни пиронсолӣ ва бе тавону мадори подшоҳӣ ба хоки бобоии худ баргашт. Оё ин бозгашт, таваҷҷӯҳи байнулмилал ба он ва ҳидояти идораи муваққат дар ҳамсафарии шоҳ аз Рум то Афғонистон баёнгари онанд, ки Зоҳиршоҳ дар ояндаи сиӣёсии Арфғонистон нақши калидӣ хоҳад дошт?



Муҳаммад Зоҳиршоҳ, подшоҳи собиқи Афғонистон, ки тақрибан сӣ соли ҳаёти худро дар орзуи бозгашт ба ватан сабурона пушти сар намуд, субҳи панҷшанбе ба хоки диёр по гузошт ва аз ҳавои кишвари ҷангзадаву парешони худ нафас кашид. Як соат қабл аз парвози ҳавопаймо аз Рум ба Афғонистон Зоҳиршоҳ баён дошт, ки ба Ватан бармегардад то дигар аз он ҷудо нашавад. У гуфт дар ин ҳол ду эҳсос дорад, яке ҳисси шодмонӣ дигаре -- андӯҳ. Шодӣ аз он аст, ки дар синни 87-солагӣ, баъди ғурбати тулонӣ аз он маҳзун аст, ки бисёр дӯстони худро дар байни пешвозгирандагон надид ва сарзамини барояш муқаддаси Афғонистонро харобу валангор дармеёбад. Зоҳиршоҳи паштуннасаб соли 1914 дар Кобул ба дунё омад ва дар Фаронса таҳсил кард. Тахти шоҳиро расман соли 1933 баъди суиқасд ба ҷони падараш дастрас кард. Аммо тули чандин сол дар сояи ҳукумати амакҳояш нопадид буд. Ва танҳо соли 1953 назорати пурраи давлатро ба даст овард. Зоҳиршоҳ барои бунёди як давлати замонавӣ ва рияи тавозун дар байни манофеъи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ғарб талош намуд. Занҳоро аз зери чодар берун овард ва маърифатнокии мардумро боло бурд. Инак, Зоҳиршоҳ, ки 29 сол пеш ҳамчун марди тануманд, бо тахти санагуншуда дурӣ аз Ватанро ихтиёр карда буд, дар синни пиронсолӣ ва бетавону мадори подшоҳӣ ба хоки бобоии худ баргашт.

Оё ин ҳама ҳамҳамаи бозгашт, ин даву този амниятӣ, ҳидояти идораи муваққат дар ҳамсафарии шоҳ аз Рум то Афғонистон баёнгари онанд, ки Зоҳиршоҳ дар ояндаи сиӣёсии Арфғонистон нақши калидӣ хоҳад дошт? Гуфта мешавад, ки Зоҳиршоҳ ҳамчун як шаҳрванди одӣ ба ватан баргаштааст ва даъвои давлатмардӣ надорад. Масъулиятеро, ки созишномаи Бон дар души у гузоштааст, танҳо аз ифтитоҳи нишасти нахустини Лоя Ҷирга- Шурои Олии Афғонистон иборат аст. Аммо ҷонибдорони шоҳ умедворанд, ки бозгашти у ба сифати падари миллат Афғонистони парокандаро сарҷамъ мекунад ва гуруҳои душманро дусту якмушт месозад. Худи Зоҳиршоҳ имкони бозгашти тахти гумкардаи худро соқит намекунад. Аммо хоксорона мегуяд, ки ин масъала ба хоҳиши мардуми Афғонистон бастагӣ дорад. Аз суи дигар ба ақидаи Радҳа Кумар узви Шӯрои равобити сиёсии Ню Йорк, ҳузури шоҳ дар Афғонистон панҷаи Карзай, намояндаи қавми паштунро, ки феълан дар баробари намояндагони қавмҳои тоҷик ва ӯзбак мавқеъи мустакам надорад, пурзур мекунад ва эҳсоси бесаробонии паштунҳоро аз байн мебарад. Ба назари Радҳа Кумар бозгашти шоҳ ҳамчунин метавонад мувозинати нируҳоро дар ҷомеъа тағйир диҳад. Коршиносони дигар низ бозгашти шоҳро триумф ва ё ғалабаи ҳукумати Ҳомид Карзай арзёбӣ мекунанд. Ин гуна ақидаҳо намояндагони эътилофи шимолро нороҳат кардааст. Генерал Фаҳим, вазири дифоъ ва яке аз намояндагони нируманди ҳукумати Ҳомид Карзай номбар мешавад, ки ба ҷуз нақши маросимии Зоҳиршоҳ дар гушоиши Лоя Ҷирга ҳеҷ ҷойгоҳи сиёсиро барои шоҳи собиқ дар назар надорад. Фаҳим ҳамроҳ бо вазири дохилӣ Юнус Қонунӣ ва вазири хориҷӣ доктор Абдулло узви ҷамъяти Исломии афғонистон мебошанд, ки марбути Иттиҳоди шимол аст. Аммо Доктор Абдулло, ки ҳамроҳ бо Карзай Зоҳиршоҳро аз Рум ба Афғонистон овард, баён дошт, ки ба демократи ва ҷумҳурӣ бартарӣ медиҳад, аммо агар мардуми Афғонистон хоҳиши эҳёи шоҳигарӣ дошта бошанд, у ин хоҳишро эҳтиром хоҳад кард. Қадами шоҳи собиқ акнун ба хоки диёр расид ва эҳсоси у аз дидори нахустини ватан ва ҳамватанон ҳануз дар авҷ аст. Аммо аз ҳоло пешгуӣ мешавад, ки нақши Зоҳиршоҳ дар майдони сиёсии Афғонистон ҳамон нақши рамзиест, ки бояд иттиҳоди мардум ва бақои давлати Афғонистонро таъмин кунад. Мавзӯъе, ки оё шоҳи собиқ ин нақшро чӣ гуна амалӣ мекунад, ба вазну эҳтироми шахси у, амали ҳамқавмҳо ва ҳунари созандагии Зоҳиршоҳ бастагӣ дорад, ки чӣ гуна ҳамаи қавмҳои Афғонистонро аз худ ва ҳукумат розӣ боқӣ гузорад.

XS
SM
MD
LG