Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди тоҷик Алӣ Бузуруков аз хатари марговари СПИД дар Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад



Нурмуҳаммади Холзода

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мардум дар бораи СПИД камтар маълумот доранд. Бахши беҳдошт ё тандурустӣ аз будҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад, аз будҷае, ки ҳамеша камбуди маблағ дар он дида мешавад. Ба ин далел, давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз ин марази хатаровару вогир нотавон ҳастанд. Алӣ Бузуруков дар мақолаи худ дар ҳафтаномаи мӯътабари "Аналист" пешниҳод мекунад, ки ин давлатҳо бо маҳофили байналмилалӣ як барномаи баландмуддати ҷилавгирӣ аз СПИДро бояд рӯи даст бигиранд.



Ҳафтаномаи "Аналист"-чопи Амрико мақолаи донишманди тоҷик Алӣ Бузуруковро дар бораи густариши вируси бемории Эйдз ё СПИД дар Осиёи Марказӣ чоп кардааст. Дар ин мақола гуфта мешавад, вируси СПИД 22 сол пеш пайдо шуда буд ва дар ин муддат ба дуртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ ёфт. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишварҳо, ки қисмати аслии аҳолиро ҷавонон ташкил мекунанд, бемориҳои ҷинсӣ, бекорӣ ва истеъмоли маводи мухаддир ривоҷ дорад. Бо доштани чунин шароит ин кишварҳо бештар аз вируси спид осебпазир мебошанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мардум дар бораи СПИД камтар маълумот доранд. Гузашта аз ин, бахши беҳдошт ё тандурустӣ аз будҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад, аз будҷае, ки ҳамеша камбуди маблағ дар он дида мешавад. Ба ин далел, давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз ин марази хатаровару вогир нотавон ҳастанд. Алӣ Бузуруков дар мақолаи худ дар ҳафтаномаи муътабари "Аналист" пешниҳод мекунад, ки ин давлатҳо бо маҳофили байналмилалӣ як барномаи баландмуддати ҷилавгирӣ аз СПИДро бояд руи даст бигиранд. Ёдовар мешавем, ки Алӣ Бузуруков, дастпарвари Донишгоҳи тибби Тоҷикистон дар Окодемии тибби Санкт Петрбург такмили ихтисос дида, унвони илмӣ ва шеваҳои мудирият дар соҳаи тибро дар донишгоҳи Бостони Амрико ба даст овард ва то ба ин авохир дар Созмони пизишкон ё табибони ҷаҳон дар Амрико раиси бахши Русия ва кишварҳои Муштаракулманофеъ буд. Моҳи маи соли ҷорӣ вайро ба СММ даъват карданд ва ҳоло вай дар Женева дар яке аз муассисаҳои ин созмон кор мекунад. Алӣ Бузуруков менависад, дар моҳи июни соли 2001-ум бори нахуст Конфронси Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси СПИД мақомоти давлатӣ, коршиносони СММ ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатиро гидиҳам овард ва онҳо бори нахуст эътироф карданд, ки дар минтақа бемории СПИД вуҷуд дорад. Онҳо байни худ эъломияе ба имзо расонданд, ки бар асоси он бояд як дурнамои муштараки мубориза бар зидди вируси СПИД дар пеш гирифта мешуд. Ин эъломия ҳамчунин ба ин маъно буд, ки мақомоти Осиёи Марказӣ дигар наметавонанд мавҷудияти СПИД дар минтақаро инкор кунанд. Беиттилоъӣ ва густариши вируси СПИД дар Осиёи Марказӣ дар даҳсолаи ахир гувоҳӣ медиҳад, ки давлатҳои ин минтақа ба ин масъалаи беш аз пеш нигаронкунанда таваҷҷуҳ намекунанд. Маълумотҳои соли 2001 дар бораи густариши вируси СПИД дар Осиёи Марказӣ бояд занги хатарро ба садо дарорад ва мақомот бояд тадобири фавриро барои ислоҳи вазъ руи даст бигиранд. Бино ба маълумоти СММ дар ин миён Қазоқистон аз лиҳози густариши спид бо 2256 нафари мубтало дар ҷои аввал, Ӯзбакистон бо 779 дар ҷои дуввум, Қирғизистон бо 208 дар ҷои севвум қарор доранд ва ба дунболи онҳо Тоҷикистон бо 45 ва Туркманистон бо 4-нафар бемори СПИД мавқеъ гирифтаанд. Бо вуҷуди ин ки ин арқомро мақомоти давлатӣ эътироф мекунанд, вале коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ мегуянд, ки шумораи мубталоёни СПИД даҳҳо бор бештар аз ин аст. Хадамоти бади тиббӣ ва фишори ниҳодҳои интизомӣ ба кормандони наҷот дар минтақа халал ворид мекунад. Нархи муолиҷа ва дар инзиво қарор додани кормандони наҷот наметавонад вазъро беҳбуд бахшад. Алӣ Бузуруков дар мақолаи худ менависад, ки истифодаи сӯзандору барои чанд бемор ва муъоширати ғайрисолими муътодони маводи мухаддир метавонад ба ба густариши вируси СПИД мунҷар шавад. Возеҳ аст, ки ин вирус дар имтидоди масири ҳамлу нақли маводди мухаддир низ аз Афғонистон то ба Руссия ва аз он ҷо то ба Аврупо доман паҳн мекунад. Ғайр аз ин, рафту омади озоди мардум байни кишварҳои ҳамсуд ё муштарак-ул-манофеъ ин бемории ҳамагирро густариш медиҳад. Махсусан, рафту омади коргарони мавсимӣ ё мардикорони Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои Аврупоии шӯравии собиқ заминаи интиқоли ин вирусро ба Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад. Алӣ Бузуруков дар мақолаи худ дар ҳафтаномаи "Аналист" чопи Амрико менависад, агар ин раванд идома пайдо кунад, дар панҷ-шаш соли оянда шумораи мубталоёни бемории СПИД дар Осиёи Марказӣ ба садҳо ҳазор нафар мерасад. Дар он сурат кишварҳои ин минтақа бо иқтисоди ақибмондаи худ наметавонанд садди роҳи ин балои одамкуш шаванд. Танҳо Қазоқистон, мумкин аст, то андозае баъзе тадбирҳоро барои ҷилавгирӣ амалӣ кунад. Коршиносон мегуянд, ки муъолиҷаи солонаи як бемори спид даҳ ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад. Табиист, ки ҳар кас дар Осиёи Марказӣ ин миқдор пул надорад. Дар он сурат, хулоса яктост ва он ҳам марги пуразоб.

XS
SM
MD
LG