Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирони тоҷик шоҳроҳи Сибирро ба нишони эътироз бастанд



Салими Аюбзод

Марзбонони Русия аз вуруди наздик ба 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба кишвари худ пешгирӣ намуда, мегӯянд, бо сабаби дақиқ нагуфтани масир ва ҳадафи сафар ин мусофиронро роҳ нахоҳанд дод. Мусофирон мегӯянд, тасмими марзбонон хилофи созишномаи рафтуомади бераводид ва санадҳои иттиҳоди иқтисодист.



Зиёда аз 280 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар постгоҳи марзии Русияву Қазоқистон аз тарафи марзбонони рус боздошт шудаанд, ба нишони эътироз шоҳроҳи асосии Сибирро бастанд ва талаб намуданд, ки ҳуқуқҳои инсонии онҳо риоят шаванд. Марзбонони рус онҳоро дар хатти марзӣ нигоҳ дошта, намегузоранд вориди Русия шаванд. Онҳо мегӯянд, автубусҳои мусофирон иҷозаи вуруд ба Русияро надоранд. Хабаргузории ИТАРТАСС менависад, ин мусофирон асосан нирӯи арзони кор мебошанд, ки дар ҷустуҷӯи даромад ба Русия рӯй овардаанд. Яке аз онҳо хонуми Ҷумъайево гуфтааст, як рӯз пеш бо баҳонаи нодурустии санадҳо мусофирон аз марз баргардонида шуда, 24 соати дигарро дар Қазоқистон гузаронданд ва санадҳоро ба тартиб оварданд. Ин дафъа, мегӯяд ӯ, марзбонони рус санадҳои марбут ба автобусҳоро баҳона мекунанд. Марзбонон ба ИТАРТАСС гуфтаанд, сабаби асосӣ ин аст, ки мусофирон масир ва ҳадафи сафари худро дақиқ намегӯянд.

XS
SM
MD
LG