Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Покистон -- тарафдори ҳамкориҳои густарда дар фазои сулҳи Афғонистон



Мирзонабии Холиқзод

Дар гуфтугӯҳои миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири корҳои хориҷии Покистон Абдулсаттор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ, ояндаи Афғонистон ва ҳамкориҳои Душанбеву Исломобод дар риштаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа вазири корҳои берунаи Покистон Абдулсаттор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вазъи амниятии минтақаро дар пасманзари рӯйдодҳои Афғонистон баррасӣ намуданд. Вазири покситонӣ баъди ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, дар миёни Тоҷикистон ва Покистон дар ин масъалаҳо ягон ихтилофи назар вуҷуд надорад. Ҷаноби Абдулсаттор афзуд, сулҳи Афғонистон ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад ва ба оғози ҳамкориҳои муҳими иқтисодию тиҷоратӣ роҳ мекушояд. Вай илова намуд, ки мардуми Афғонистон бояд ба бунёди як ҳукумате даст ёбад, ки ваҳдати ҳамаи гурӯҳҳои миллию қавмии ин кишварро таъмин намояд. Вазири корҳои хориҷии Покистон ишора кард, ки Тоҷикистону Покистон ҳарду дар эътилофи ҷаҳонии зидди ваҳшатафканӣ қарор доранд ва абрҳои тираи равобити гузашта акнун пароканда шудаанд. Ба назари нозирони маҳаллӣ ишораи ҷаноби Абдулсаттор ба он дахл дошт, ки дар гузашта Покистон аз Толибҳо ва Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шимол пуштибонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG