Пайвандҳои дастрасӣ

"Ню Йорк Таймс" дар бораи ҳампаймонии ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ



Холидаи Қодир

Рӯзномаи Ню Йорк Таймс менависад: Дӯстони нави ИМА - ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар баробари он, ки аҳамияти байналмилалиашон боло меравад, дар дохили худ сиёсати зӯроварона ва фасодкориро давом медиҳанд.

Рӯзномаи Ню Йорк Таймс менависад: Дӯстони нави ИМА - ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар баробари он, ки аҳамияти байналмилалиашон боло меравад, дар дохили худ сиёсати зӯроварона ва фасодкориро давом медиҳанд. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ду ҳафта қабл ду мухолифи сиёсии худро ба зиндон андохт. Ҳафтаи гузашта нахуствазири Қазоқистон эътироф кард, ки беш аз як миллиард долларро ба ҳисоби Назарбоев дар банкҳои хориҷӣ интиқол додааст. Дар Қирғизистон ду рӯзномаи оппозитсион баста шуд. Полис ҳафт намоишгари эътирозиро, ки озодии як узви парламентро талаб мекарданд, ба ҳалокат расонид. Ӯзбакистон бадтарин поймолкунандаи ҳуқуқи башар дар минтақа аст. Дар ин кишвар садҳо нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав боздошт мешаванд. Дар ин ҷараён хадамоти марзбониву гумрук дар роҳи рафтуомади шаҳрвандон ва ашёи тиҷоратӣ монеа мегузоранд. Тоҷикистон ҳамоно раҳрав, ё коридори марказии тиҷорати маводи мухаддира мебошад. Чунин аст, шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки маъракаи зидди террор онҳоро ба шарикони стратегии ИМА табдил дод. Дар чунин пасманзар, ҳафтаи ҷорӣ дар Қазоқистон мулоқоти сарони кишварҳои Авроосиё дар чаҳорчӯби Форуми ҷаҳонии иқтисод барпо гардид ва таваҷҷӯҳи раҳбарони тиҷоратҳо ва ҳукуматҳои ғарбиро ба худ ҷалб намуд. Дар ҳамин ҳол, Банки Ҷаҳонӣ барнома дорад, ки дар тӯли 10 соли оянда ба Осиёи Марказӣ яку ним миллирад доллар сармоягузорӣ кунад. Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд сармоягузориро ба маблағи 300 миллион доллар мулоҳиза мекунад. ИМА ба танҳоӣ ба минтақа садҳо миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Ню Йорк Таймс мақолаи худро чунин давом медиҳад: фаъолиятҳои табйизкоронаи ҳукуматҳои минтақа дар рӯзҳои форуми байналмилалӣ низ идома доштанд. Дар кишвари мизбон, Қазоқистон, ду мухолифи Назарбоев, Мухтор Аблиёзов ва Ҳалимҷон Жакиёнов, ҳамоно дар ҳабс буданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҳарду ба ҷинояткорӣ мутаҳҳам мебошанд ва масъалаи онҳоро додгоҳ ҳал мекунад. Мутахассисони тиҷорат ва дипломатҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказиро аз наздик медоданд, мегӯянд, ки ҳар яке аз ин кишварҳо фасодкорӣ решаҳои амиқ дорад. Саркӯбиву фишорҳои сиёсӣ, помолсозии ҳуқуқҳои башар, робитаҳои сард бо ҳамдигар, чунин аст, воқеияти имрӯзаи Осиёи Марказӣ, менависад рӯзномаи Ню Йорк Таймс ва аз гузориши Гурӯҳи байналмилалии Омӯзиши бӯҳронҳо чунин иқтибос меовард: дар як раванди мутазод ва бо раҳбарони дорои панҷаи қавӣ, бо фишорҳои иқтисодӣ, қарордодҳои пинҳонӣ, рӯҳияи миллатгароӣ ва муҳити нобоварӣ ба ҳамдигар, харитаи нави Осиёи Марказӣ кашида мешавад. Фақат суол ин аст, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ҷамоҳире, ки худро дӯстони нави ИМА мешуморанд, чунин шароит ва чунин раҳбарияти сиёсӣ то куҷо метавонад идома ёбад.

XS
SM
MD
LG