Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбакистон боз таркиши мина ба амал омад



Масрури Назрӣ

Шоми душанбе тақрибан соатҳои 9 боз садои таркиши мина баланд шуд, ки ба асари ин таркиш ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон нобуд шуда ва ду нафари дигар сахт маҷруҳ шуданд.

Шоми душанбе тақрибан соатҳои 9 боз садои таркиши мина баланд шуд, ки ба асари ин таркиш ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон нобуд шуда ва ду нафари дигар сахт маҷруҳ шуданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ сарвари гурӯҳи зудамали ҳифзи сарҳадоти вилояти Суғд Маҳмудбек Аҳмадов иттилоъ дод. Бар пояи иттилоъи Ҳифзи сарҳадот дар вилояти Суғд, дар муддати беш аз 1,5 соли ахир дар марзи қисмати шимоли Тоҷикистон бо Узбакистон бар асари таркиши мина, ки кишвари ҳамсоя мондааст 43 нафар ҳалок ва 45 нафар маҷрӯҳ гардидааст.

XS
SM
MD
LG