Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиш дар наздикии мошини вазири дифоъи Афғонистон чаҳор нафар ба ҳалокат расид



Салими Аюбзод

Дар масири ҳаракати корвони мошинҳои вазири дифоъи Афғонистон генерал Муҳаммад Фаҳим рӯзи душанбеи 8-уми апрел як кӯшк таркида чаҳор нафарро ба ҳалокат расонд ва 18 нафарро захмӣ намуд. Мақомоти идораи муваққати Афғонистон ин ҳодисаро кори дасти мухолифони амнияту эътидоли ин кишвар ва аломати мухолифати мафияи маводи мухаддир мешуморанд.



Рӯзи душанбе вазири дифоъи идораи муваққати Афғонистон генерал Муҳаммад Фаҳим баъди сафари Қандаҳор ба Ҷалолобод омад, то дар ин ҷо бо сарони ниҳодҳои мусаллаҳи манотиқи шарқӣ мулоқот дойир кунад. Дар маркази Ҷалолобод, дар ҳоле ки мардуми зиёд сари хиёбонҳо рехта буд, то аз вазири дифоъ истиқбол кунад, бомбае ки дар як киоск ва ё кӯшк ҷобаҷо шуда буд, таркид. Бар асари инфиҷор 4 нафар аз издиҳоми сари хиёбон кушта ва наздик ба бист нафар маҷрӯҳ гардид. Масъули бахши мухобира дар Вазорати дифоъи Афғонистон Муҳаммад Шаға дар бораи воқеъа ва вазъи генерал Фаҳим баъди таркиш, ба Радиои Озодӣ гуфт, генерал Фаҳим аз ин воқеъа зиён надидааст. Генерал Фаҳимро дар ин сафар чанд афсари баландпояи Вазорати дифоъи Афғонистон ҳамроҳӣ мекунанд, ки низ тибқи хабарҳо ба онҳо осебе нарасидааст.

XS
SM
MD
LG