Пайвандҳои дастрасӣ

Швейтсария кӯмакро ба Тоҷикистон се баробар зиёд мекунад



Гулбаҳори Муродӣ

Вазири корҳои хориҷии Швейтсария Йозев Дейс дар шаҳри Душанбе гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, ҳаҷми кӯмакҳои молии худро ба Тоҷикистон аз 5 ба 15 миллион франк расонад.



Баъди гуфтушунид бо райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вазири корҳои хориҷии Швейтсария Йозев Дейс дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки ҳукумати кишвараш аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон розист ва тасмим дорад, ҳаҷми кӯмаку сармоягузориҳоро ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 5 ба 15 миллион франки швейтсарӣ афзойиш диҳад. Ба сурати умум ин маблағ наздики 9 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод ва ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Швейтсария ин сармоя танҳо барои соли 2002-юм мебошад. Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Швейтсария Йозев Дейс ба вилояти Хатлон сафар кард.

XS
SM
MD
LG