Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи омӯзиши бӯҳронҳо мегӯяд, масъалаи марзҳо омили ихтилофоти хатарноки Осиёи Марказӣ мебошад



Салими Аюбзод

Марзҳои расмии миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ сарҳадҳои сунъӣ мебошанд. Давлатҳои нав бо таҳкими марзҳои худ аз як сӯ истиқлолият, вале аз сӯи дигар хашми хешро ба ҳамсоягонашон нишон медиҳанд. Аз ин ҳама мардуми оддӣ зарар мебинад.

Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо дар як таърихчаи марзбандиҳои Осиёи Марказӣ чанд ҷиҳати ин маъаларо номбар мекунад, акнун баъди солҳо ва пас аз фурӯпошии шӯравии собиқ ба омилҳои ташаннуҷи муносибатҳо миёни давлатҳои минтақа табдил ёфтаанд. Ин марзҳо дар солҳои бистум ба таври сунъӣ, тахминӣ ва бо мақсадҳои муайяни сиёсӣ кашида шудаанд. Онҳо на аз ҷиҳати қаламрави миллӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавоб медиҳанд ва на аз ҷиҳати заруратҳои ҷуғрофӣ. Ҳукумати шӯравӣ кӯшиш кард, ягон ҷумҳурӣ аз аҳолии якхела иборат нашавад, то натавонад ба ҷудоиталабӣ рӯй орад. Шабакаи воҳиди иқтисодӣ дар тӯли солҳо тавре сохта шуд, ки марзҳо дар он нақше надошта бошанд, одамон тавонанд аз як ба истилоҳ давлат ба давлати дигар сафар кунанд, бору мол бемонеъа гузарад, як колхоз ба колхози ҷумҳурии ҳамсоя замин бахшад ва дигаре ба ҳамсоя заминро иҷора диҳад. Хуллас тайи даврони шӯравӣ марзҳои имрӯзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ фақат аҳамияти рамзӣ доштанд. Акнун ба навиштаи Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо дар марзҳо сарбозони мусаллаҳ истодаанд, дар баъзе ҷойҳо минаҳо таркида, одамон кушта мешаванд ва бе виза ба кишвари ҳамсоя ворид шудан номумкин аст. Кӯшишҳои муайян кардани марзҳо ва аломатгузории онҳо бо баҳсу норозигиҳо рӯбарӯ гашта, пешрафте дар ин замина ба назар намерасад. Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо мегӯяд, агар давлатҳои Осиёи Марказӣ нахоҳанд, ки ба мушкилоти ҷиддитар рӯбарӯ гарданд ва норозигии аҳолии худро афзойиш диҳанд, бояд чанд тавсияи ин марказро ба эътибор гиранд. Бояд ҳамаи кӯшишҳои якҷониба таъин кардани марзҳо қатъ гардад ва ин амал бояд аз тарафи кумисюнҳои муштарак бо машварати аҳолии маҳаллӣ, ба таври ошкоро сурат гирад. Минагузории марзҳо, ба вижа марзҳои номуайян қатъ гашта, ҳамаи минаҳо аз марз ғундошта шаванд. Барои аҳолии манотиқи наздимарзии кишварҳо рафтуомад оддӣ карда шавад ва дар шаҳрҳои наздимарзӣ консулхонаҳо боз гарданд. Гирифтани виза дар худи сарҳад имконпазир шавад. Марзбонон ва гумрукиёни давлатҳои минтақа омӯзиш бинанд, аз ришвату фасод дар марз пешгирӣ шавад ва ба бадмуолимлагӣ дар сарҳадҳо роҳ дода нашавад. Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо тавсия медиҳад, ки Ӯзбакистон бояд ҳамаи архивҳои марзбандии солҳои бистум ва баъдиро боз карда, ба давлатҳои минтақа иҷозаи истифодаи онҳоро бидиҳад. Ҳамчунин бойгониҳои Маскав ба ин мақсад бояд пурра боз шаванд. Бояд ба сарони маҳалҳои наздимарзӣ дар ҳалли мушкилоти онҳо ихтиёри бештар дода шуда, созмонҳои ғайридавлатӣ ба иштирок дар баҳсҳо имкон ёбанд ва ҳама гуна фаъолиятҳои таъини марзҳо бояд тибқи қонунҳои байнулмилалӣ бо эҳтироми ҳуқуқи ҳамаи ширкаткунандагони раванд ҷараён гиранд. Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо тавсия медиҳад, ки дар ҳалли ин масъала Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо миёнаравии беғаразонаро бар дӯш бигирад.

XS
SM
MD
LG