Пайвандҳои дастрасӣ

Интизориҳои Тоҷикистон аз идомаи равобит бо Бонки Ҷаҳонӣ



Мирзои Салимпур

Ҷеймс Вулфенсон, президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан рӯи мавзӯъи идомаи ислоҳот дар ин кишварҳо тамаркуз хоҳад дод.

Ҷеймс Вулфенсон, президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан рӯи мавзӯъи идомаи ислоҳот дар ин кишварҳо тамаркуз хоҳад дод. Ба ақидаи Бонки Ҷаҳонӣ, густариши ислоҳот аз шароити коҳиши фақр дар минтақа буда, ба рушди одилона ва собити кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Бонки Ҷаҳонӣ изҳор доштааст, ҷиҳати густариши ҷараёни ислоҳот ва бозсозии идорӣ омодаи ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои минтақа мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ ба зарурати тавсиаи бештари ислоҳот дар соҳаи молиёт, низоми додгоҳ, шурути сармоягузорӣ, зербинои иҷтимоӣ ва коҳиши фақр дар Осиёи Марказӣ таъкид кардааст. Ҷеймс Вулфенсон дар ҷараёни ин сафар аз Тоҷикистон низ дидан мекунад. Ҷамъи маблағи 23 созишномаи бо мақомоти Душанбе имзокардаи Бонки Ҷаҳонӣ то имрӯз аз ҳудуди 300 миллион доллар мегузарад. Аз ин миқдор 211 милён доллар алакай дар ҳоли иҷро гузошта шудааст. Бо ин маблағ ниҳодҳои молиявии шомили гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар радифи сармоягузорони умдаи иқтисоди Тоҷикистон қарор мегиранд. Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ду созишномаи 50-милёндолларӣ дар мавриди татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисоди кишвар ва бар пояи 50 милён доллари дигар як созишномаи марбут ба бозсохти риштаи кишоварзӣ ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ имзо кардааст. Бозсохти шабакаҳои иҷтимоӣ дар манотиқи ҷангзадаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаи таъмини оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе, хусусигардонии хоҷагиҳои кишоварзӣ, бунёди низоми огаҳӣ дар маҳалли сарбанди кӯли Сарез ва мусоидат ба раҳандозии барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистон аз ҷумлаи чанд лоиҳаи муҳиме мебошанд, ки маҳз бар пояи сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд. Зимнан Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта бо ироаи 10 милён доллар сармоя омодагиашро барои ширкат дар хусусигардонии нирӯгоҳи Помир изҳор дошт. Ва ҳам соли гузашта бар пояи 5 милён доллар қарзи Бонки Ҷаҳонӣ барои макотиби таҳсилоти умумӣ дар кишвар бештар аз 2 милён нусха китоби дарсӣ чоп карда шуд. Бонки Ҷаҳонӣ ташаббускори аслии нишасти кишварҳои мадарасони Тоҷикистон дар Венаву Порис ва ахиран, дар шаҳри Токио буд, ки бо ваъдаи беш аз 400 милён доллар ба иқтисоди кишвар анҷом шуд. Соли гузашта бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ қиммати пахтаву алюминий, ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистонро дар бозорҳои дунё поин бурд. Аз ин рӯ, афзоиши назарраси ҳаҷми тавлидоти соли гузашта ба қисми дахли буҷаи кишвар аслан наафзуд. Дар ин робита Бонки Ҷаҳонӣ изҳор дошт, бо ироаи кӯмакҳои нав дар рафъи оқибатҳои номатлуби бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Бонки Ҷаҳонӣ дар муноқишаи шадиди ду моҳи пеш миёни Сандуқи Байнулмилалии Пул ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ нашуд. Сандуқи Байнулмилалии Пул моҳи феврал қобилияти ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди бозгардони маблағҳои қарзаш зери суол гузошта, Душанберо ба таҳрифи рақамҳои иқтисодӣ дар гузоришҳояш ба ниҳодҳои молиявӣ муттаҳам кард. Айни чунин нигарониҳо қаблан аз ҷониби мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ низ садо додааст. Бонки Ҷаҳонӣ чанд дафъа аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки дар таҳияи барномаҳои иқтисодиаш асосан бар афзоиши қисми дахли буҷаи кишвар ҳисоб намуда, қабл аз ҳама ҷамъоварии молиёт ва пардохтҳояшро ба танзим оварад. Аммо шарик нашудани Бонки Ҷаҳонӣ дар муноқишаи молии миёни Сандуқи Байнулмилалии Пул ва ҳукумати Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки ин ниҳод дар мавриди таъйини мавзеъаш дар баробари Тоҷикистон ва минтақа ба дур ҳисоб мекунад. Ҳамҷавории Тоҷикистон бо Афғонистон, ки ҳамакнун бо талоши ҷомиаи ҷаҳонӣ аз чанголи фалокатбори ҷангҳои хонаводагӣ берун кашида мешавад, низ як омили таъкидкунанда бар ояндаи равобити Бонки Ҷаҳонӣ бо Душанбе мебошад. Тавре дар охирин баёнияи ин ниҳод омадааст, ҳодисаҳои 11-уми сентябр ва амалиёти байналмилалии зиддитеррор дар Афғонистон тасаввури ҷаҳонро дар масъалаи Осиёи Марказӣ тағйир дода, нақши калидии минтақаро дар таъмини суботи кулли дунё рӯшан намуданд. Ғолибан, масъалаи ихтисоси навбати дуввуми қарзи 50-милёндолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва мушкилоти мавҷуда дар роҳи сармоягузории барномаи коҳиши фақри ҳукумат аз мавзӯъоти аслӣ дар музокироти мунтазираи мақомоти Душанбе бо Ҷеймс Вулфенсон хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, Душанбе мехоҳад ваъдаҳои густардаи нишасти Токио ҳар чӣ зудтар ба иқтисоди кишвар ихтисос дода шаванд. Осон намудани дастрасии ҳукумати Тоҷикистон ба ин маблағҳо низ дар дидору гуфтугӯҳои раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG