Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари заминларза дар Афғонистон ҳазорон нафар кушта шудаанд



Нурмуҳаммади Холзода

Мира Ҷон-як мақоми Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ки ҳудуди 600 ҷасад то зуҳри рӯзи сешанбе аз зери оворҳо берун кашида шудааст.

Заминларзае, ки шаби рӯзи душанбе ва бомдоди рӯзи сешанбе дар Афғонистон рух дод, дубора ба як фоҷиъа инсонӣ дар минтақаи Наҳрини ин кишвар табдил шуд. Гарчӣ дар бораи теъдоди дақиқи фавтидагон то ҳол маълумоти дақиқ дар даст нест, вале хабаргузориҳо аз қавли мақомоти расмии Афғонистон рӯзи сешанбе гуфтанд, дар натиҷаи ин заминларза тақрибан як ҳазору дусад нафар кушта шудаанд. Мира Ҷон-як мақоми Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ки ҳудуди 600 ҷасад то зуҳри рӯзи сешанбе аз зери оворҳо берун кашида шудааст. Ба гуфтаи Мираҷон, 90 дарсади Наҳрин хароб шудааст ва мардуми минтақа ҳама дороии худро аз даст додаанд. Вай мегуяд, барои рафъи авоқиби ин фоҷиъаи инсонӣ мардуми осебдида кӯмак мехоҳанд. Барои онҳо ба сурати фаврӣ бояд хаймаву пату ва дору интиқол дода шавад. АСТЕД-як созмони ғайридавлатии Фаронса тахмин мезанад, ки маркази зилзила, яъне минтақаи харобшудаи наздик ба Наҳрин-дар 140 километрии шимоли Кобул дар силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш қарор дошта нирӯи зилзила 5,9 дараҷаи ҷадвали Риштерро ташкил додааст. Гуфта мешавад, нирӯи зилзилаи дуввум, ки бомдоди рӯзи сешанбе рух дод, як дараҷа камтар аз нирӯи зилзилаи шабона будааст. Залмай Халилзод-фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, бино ба баъзе маълумотҳо, мумкин аст шумораи кушташудагон ба як ҳазору ҳаштсад нафар расад. Дар ҳамин ҳол, Елизабет Бирз-сухангӯи СММ дар Женева аз қавли мақомоти Ҳукумати Муваққати Афғонистон гуфт, ки шумораи кушташудагон мумкин аст, то ба 4-ҳазору 800 нафар расад. Аз сӯи дигар, Юсуф Ҳасан-намояндаи Комисарёи Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Кобул гуфт, ки бино ба харобиҳои зиёд таъйини шумораи дақиқи фавтидагон душвор аст. Аз сӯи дигар, Генерал Халил - фармондеҳи низомӣ дар Пули Хумрӣ мегӯяд, ки дар шаҳраки Наҳрин ҳадди ақал як хона побарҷой ба назар намерасад, дар ҳоле ки Ойдирхон-фармондеҳи дигар мегӯяд, ки аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нафар мардум бедарак шудаанд ва мумкин аст дар зери харобаҳову оворҳо бошанд. Гуфта мешавад, дар минтақаи зилзила ҳудуди 82-ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Ҳомид Карзай-раиси Ҳукмати Муваққати Афғонистон боздиди хеш аз Туркияро ба далоили ин заминларза мавқуф гузоштааст ва ҳоло як ҷо бо аъзои Ҳукумати муваққат машғули рафъи авоқиби ин зилзилаи фоҷиабор мебошанд.

XS
SM
MD
LG