Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири умури хориҷии Фаронса ба Афғонистон ва Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Вазири умури хориҷии Фаронса Ҳуберт Ведрин рӯзи якшанбе ба Тоҷикистон ва Афғонистон сафар кард. Вай баъди таваққуфи кӯтоҳе дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳавопаймои ҳарбӣ ба Кобул парвоз кард ва дар он ҷо бо раҳбари идораи муваққати Афғонистон Ҳомиди Карзай ва вазири умури берунаи Афғонистон Доктор Абдуллоҳ мулоқот дошт. Вай ҳамчунин аз ду мактаби фаронсавии Кобул дидан кард, ки рӯзи шанбе дари худро ба рӯйи духтарони толибилм боз намуданд.



Шоми якшанбе Ҳуберт Ведрин ба Душанбе баргашт ва дар ин ҷо бо райиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дидору гуфтушунид дошт. Дар ин нишаст масъалаҳои вазъи амнияти минтақа ва амалиёти зидди ваҳшатафканӣ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. Манбоеъи ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дутарафи Тоҷикистону Фаронса дар чаҳорчӯби амалиёти мазкур мавриди гуфтугӯ қарор доштанд. Фаронса дар амалиёти Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе истифода мекунад ва то ҳол ду дафъа нирӯҳои Фаронса ба воситаи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол ёфтаанд. Ҳамчунин Тоҷикистон борҳо пешниҳод кардааст, ки Фаронса фурудгоҳи Айниро дар каронаи Душанбе бозсозӣ ва истифода кунад, аммо тарафи Фаронса аз қабули ин пешниҳод худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG