Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи толибону Алқоида, ҳазорон варақ ҳуҷҷату китобу дастуруламалҳоро аз худ боқӣ гузоштаанд



Холидаи Қодир

Хабарнигорони Ню Йорк Таймс қариб 5 ҳазор варақи парокандаро ҷамъ оварда, мекӯшанд, ки тавассути ин ҳуҷҷат афкор ва ҳадафҳои Алқоидаву толибонро дарк намоянд.

Ин ба истилоҳ архиви толибону Алқоида дар биноҳои маъмурӣ, машқгоҳҳо ва хонаҳои онҳо дар сар то сари Афғонистон дарёфт гардиданд. Хабарнигорони Ню Йорк Таймс қариб 5 ҳазор варақи парокандаро ҷамъ оварда, мекӯшанд, ки тавассути ин ҳуҷҷат афкор ва ҳадафҳои Алқоидаву толибонро дарк намоянд. Ню Йорк Таймс менависад: Ҳуҷҷатҳои ба дастомада ду тасаввури мавҷударро дар мавриди Алқоида аз байн мебарад. Якум, қаблан гуфта мешуд, ки машқгоҳҳои террористии Афғонистон даҳҳо ҳазор бомбгузорони омода ба маргро тарбия мекунанд. Ҳол он, ки дар ин ҷо сарбозон ба ҷанги воқеъӣ омода мешуданд. Дуввум, чунин тасаввуре вуҷуд дошт, ки ин ҷанговарон гурӯҳҳои пароканда ва номуназзам мебошанд. Вале маълум гардид, ки онҳо нирӯи муташаккил ва хеле боназм мебошанд. Дар ин ҷо пайравони Толибон ва Алқоида аз кишварҳои гуногун ҷамъ омада бо забонҳои мухталиф сӯҳбат мекарданд. Як умумияте, ки ин ҷанговаронро ба ҳам меовард, омодагии ҳамаи онҳо ба шаҳодат бо номи ислом буд. Ҳуҷҷатҳои боқимондаи толибону Алқоида нишон медиҳанд, ки Алқоида нирӯи ҷанговари хатарнокеро ба миён меовард, ки агар фаъолияти он бозистонида нашавад, хатари он бештар афзоиш меёфт. Тибқи архиви ба дастомада дар сафи толибону Алқоида ҷавонон аз Покистон, Узбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Чин, Филипин, Босния ва чандин кишвари арабӣ ширкат доштанд. Чанд нафари онҳо аз Ғарб, аз Амрико, Британия ва Канада ба Афғонистон омада буданд. Ин ҷавонон тавассути гурӯҳҳои гуногуни тундрав ба ин роҳ кашида мешуданд. Масъалан, баъзе аз онҳоро Ҷумбиши исломии Ӯзбакистон ба Афғонистон меовард. Бахши дигар бо кӯшиши гурӯҳи Ҳаркатул Ансури Покистон ба Афғонистон интиқол меёфтанд. Онҳо дар машқгоҳҳои Алқоида сабақи ҷанг меомӯхтанд. Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки аксари ин ҷавонон аслан, барои ҷанг зидди Иттиҳоди Шимол тамрин дода шудаанд. Гурӯҳи нисбатан хурдтар барои ҳамлаҳои террористӣ дар хориҷи кишвар омода карда мешуданд. Масъалан, як фанне, ки чунин гурӯҳҳо дар машқгоҳи Алқоида меомӯхтанд, "Пажӯҳиши сафоратҳо ва муассисаҳои хориҷӣ" ном дошт. Як дарси махсуси дигар ба ҷанговарони Алқоида таълим медод, ки чӣ гуна ягон шахси воломақом ва муҳофизи вай аз фосилаи дур ҳадафи тир қарор дода шавад. Алқоида дастуруламалҳои худро ба забонҳои мухталиф тарҷума кардааст. Машқдиҳандагон аз шогирдон талаб мекарданд, ки ҳар сабақи омӯхтаашонро ба забони модарии худ нависанд, зеро ин сабақҳо ба осонӣ фаромӯш нашаванд. Таҳлилгароне, ки ҳуҷҷатҳои боқимондаи Алқоидаро меомӯзанд, мегӯянд, ки аксари ҷанговраони Алқоида ҷавононе мебошанд, ки бо таъсири гурӯҳҳои тундрав гумроҳ шудаанд. Ин ҷо як нуқта ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки ин таълимдиҳандагон чӣ гуна тавонистаанд, ки ҷанговарону терорристонро бо номи ислом тарбия кунанд, бо номи дине, ки пайоми аслии он маҳз сулҳ аст.

XS
SM
MD
LG