Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон, ки як замон ҷазираи демократия ном бурда мешуд, ҳоло ба хушунати сиёсӣ рӯ ба рӯ аст



Холидаи Қодир

Дар бархӯрд миёни намоишгарони эътирозӣ ҳадди аққал 6 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захм бардоштанд.

Дар бархӯрд миёни намоишгарони эътирозӣ ҳадди аққал 6 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захм бардоштанд. Мақомоти қирғиз барои оташандозии ин низоъ танқидгарони ҳукуматро гунаҳгор мекунанд. Вале таҳлилгарони сиёсӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин ҷо гуноҳ ба дӯши ҳукумат аст, ки сиёсатҳои вай намоишгаронро аз мувозинат берун кард. Дар натиҷа, марҳилаи намоишҳои осоишта дар Қирғизистон ба поён расид. Музоҳираи ахир дар ноҳияи Оқсуи минтақаи Ҷалолободи Қирғизситон нахустин намоиши эътирозӣ дар ин ҷумҳурӣ аст, ки ба хунрезӣ кашида шуд. Шоми 18 март намоишгарон дигар истеъфои президент Аскар Оқоевро талаб мекарданд. Нашрияи Евразия Нет аз қавли як таҳлилгари амрикоӣ овардааст, ки ин хушунат як ҳодисаи ғайримунтазира набуд. Таҳлилгар мегӯяд, ҳукуматдорони маҳаллӣ ба мардум ягон интихоби дигар надоданд, мардум гуфт, ки дигар бас аст. Ба назари ин таҳлилгари амрикоӣ, бӯҳрони Қирғизистон натиҷаи норизоияти тӯлонӣ аст, ин ҳатто шояд шурӯъи як тамоюл дар тамоми минтақа бошад. Даст задани оппозитсион ба хушунат нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дигар наметавонанд бо роҳи фишор мардумро аз ҳуқуқҳои аввалияи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ маҳрум кунанд. Ҳоло мақомоти Қирғизистон тамоми роҳҳоро ба ноҳияи Оқсу баста, касеро иҷозати вуруду хуруҷ намедиҳанд. Гирифтани маълумот аз ин минтақаи низоъ номумкин аст. Фаъолони ҳуқуқи башар дар Бишкек мегӯянд, ки ҳукумат вазъи Оқсуро пурра зери назорат надорад, вагарна роҳҳои тамос бо ноҳияро намебаст. Бӯҳрони Оқсу сару садоро дар бораи маҳдудиятҳои ҳуқуқи башар дар Қирғизистон баланд кард. Депармтенти давлатии ИМА ба ин масъала чунин вокуниш намуд: "Тавре ки қаблан низ гуфта будем, мо ҳуқуқи башарро бахши муҳими мубориза зидди террор мешуморем. Мо ҳамоно дар тамоми минтақаҳое, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, аз ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демокартия пуштибонӣ мекунем". Дар солҳои аввали истиқлолият ҳукумати Қирғизистон чун як ҳукумате шинохта мешуд, ки ба афкори гуногуни сиёсӣ нисбатан бо таҳаммул муносибат мекард. Вале баъдан ин ҳукумат фишорро болои баёни озод афзоиш дод. Баъзеҳо мегӯянд, ин навъе вокуниши Бишкек ба фаъолияти Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон буд. Ин ҷумбиш, таври маълум, мухолифи ҳукумати Тошканд буд, вале бо ҳуҷумҳои мусаллаҳона вазъи Қирғизистонро ноором мекард. Бо шурӯъи маъракаи зидди террор ва мустақаршавии ҳарбиёни Амрико дар фурудгоҳи Манас, фишорҳои ҳукумати Қирғизистон бештар авҷ гирифтанд. Аскар Оқоев ва атрофиёни вай ҳамкориро бо Амрико навъе таҳкими мавқеъи худ шуморида, саркӯбии мухолифонро дар моҳҳои ахир афзоиш доданд. Боздошти Бекназаров ва эътирозҳои осоишта ба ин парванда, масъалан гуруснанишиниҳо, ҳанӯз моҳи январ шурӯъ гардида буданд. Вале Оқоев ва ҳукуматдорони дигар ин эътирозҳоро аслан нодида мегирифтанд. Моҳи феврал яке аз гуруснанишастагон вафот кард. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар дар Бишкек, мардум баъд аз ин дарк намуд, ки эътирози осоишта ба ҳукуматдорон таъсир надорад. Таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, Аскар Оқоев дар назди ду интихоб қарор дорад: якум, вай метавонад роҳи муросоро пеш гирад. Албатта, ин ҷо метавонад як мушкили дигаре ба Оқоев пеш ояд, ки мухолифони Оқоев пешниҳоди муросоро аз ҷониби вай чун заъфи президенту ҳукумат қабул кунанд ва фаъолияти зидди ҳукуматиро густариш диҳанд. Интихоби дигари Аскар Оқоев саркӯбии комили эътирозгарон мебошад, яъне боздошту ҳабсҳои бештар. Акнун вақт нишон хоҳад дод, ки раҳбарони Қирғисзитон кадоме аз ин роҳҳоро интихоб мекунанд.



XS
SM
MD
LG