Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Котенков мегӯяд: "Манзурам мушаххасан тоҷикон на, балки онҳоест, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекунанд"



Муҳаммадраҳими Сайдар

Намояндаи президенти Русия дар Думаи давлатӣ Александр Котенков гуфтаҳои худро, ки "кӯчаҳои Маскав пур аз тоҷик ва гадо шудаанд", дар сӯҳбати кӯтоҳ бо "Независимая газета" шарҳ дод.

Дар ҳоле ки баъди эътирози вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сарусадоҳои зиёд дар Маскав интизор мерафт, намояндаи президенти Русия Александр Котенков барои беэҳтиромӣ дар муносибат ба тоҷикон узрхоҳӣ хоҳад кард, вай дар посух ба пурсиши "Независимая газета" гуфт" манзураш ба таври мушаххас тоҷикон на, балки онҳое буд, ки дар сари чорроҳаҳо мисли ҳашарот пурсандагӣ мекунанд. Мо бо хурсандӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия мепазирем, ба шарте ки қонунан вориди кишвари мо шаванд." Рӯзнома навиштааст, бо гадоӣ дар кӯчаҳо асосан лӯлиҳои Осиёи Марказӣ машғуланд, ки бо тоҷикон ва ӯзбакҳо монанд мебошанд. Ба навиштаи рӯзнома тоҷикон асосан дар сохтмони биноҳо кор мекунанд ва нирӯи кори арзон, ҳатто бепул ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG