Пайвандҳои дастрасӣ

Посдорони ҳуқуқ бархӯрди танқидии Кохи Сафедро ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ талаб мекунанд



Салими Аюбзод

Чандин созмони ҷаҳонии дидбони ҳуқуқи инсон аз президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш даъват карданд, ки ҳангоми мулоқот бо раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов дар аз ӯ қадамҳои амалии беҳбуди ин вазъро дар Ӯзбакистон талаб кунад. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, Иёлоти Муттаҳида бояд ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин масъала назари танқидӣ дошта бошад.



Кумисюни Иёлоти Муттаҳида дар умури Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки номи Кумисюни Ҳелсинки машҳур аст ва Кумисюни Байнулмилалии Озодии Дин, ки аз тарафи Конгресс пуштибонӣ мешавад, дар як саф бо созмонҳои ҳуқуқи башар аз президенти Амрико муносибати ҷиддиро дар ин маъала бо кишварҳое чун Ӯзбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон талаб намуданд. Онҳо ҳушдор доданд, ки Иёлоти Муттаҳида набояд ба хотири ҳамкории ин давлатҳо дар эътилофи зидди террор аз мушкилоти ҳуқуқи инсон дар онҳо чашм пӯшад. Аммо танқиди асосӣ ба унвони президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов нигаронида шуд. Қарор аст 12-уми март сафари давлатии ҷаноби Каримов ба Вашингтон оғоз шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ӯзбакистон ба яке аз шарикони асосии Амрико дар эътилофи зидди террор табдил ёфтааст ва аммо Депатраменти давлатӣ дар гузориши солонаи худ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Ӯзбакистон бисёр бад номидааст. Узви Кумисюни Байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи Озодии Дин Нина Ши мегӯяд:

"Сафари президент Каримов ба Иёлоти Муттаҳида пайти муносибест, ки дастгоҳи Буш садоқати худро ба ҳуқуқи инсон нишон диҳад ва дар рафти муборизаи зидди террор беҳбуди ҳуқуқи инсони Ӯзбакистонро талаб кунад."

Кумисюни мазкур дар як нишаст кӯшиш кард, мавқеи худро дар баробари ҳодисаҳои ахир рӯшан кунад. Вейн Мери, таҳлилгари Шӯрои равобити хориҷии Амрико мегӯяд, сабти номи як ниҳоди мустақили ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон дар арафаи сафари Каримов гумон аст, натитҷаи фишори Амрико бошад. Ин як иқдоми таблиғотии раҳбарияти Ӯзбакистон аст, ки бо сафари Амрикоии презилдент Каримов дар як вақт иттифоқ афтодааст.

"Ба фикри ман, ин ҳодиса як ришвати ошкор аст ба ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои эмин мондан аз як қисми танқидҳо."

Мерри гуфт, сиёсати раҳбарони Осиёи Марказӣ дар ин ришта заминаи зуҳури тундравони мазҳабӣ ва сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Вай изофа намуд, сиёсати дигар раисони минтақа ба монанди Сафармурод Ниёзов, Эмомалӣ Раҳмонов, Аскар Оқоев ва Нурсултон Назарбоев аз тарзи фикр ва амали Ислом Каримов фарқи зиёде надорад. Нина Ши нишастро хулоса кард, ки муносибати ин сарон ба ислом ва гурӯҳҳои исломи сиёсӣ сад дар сад зидди сиёсати президент Буш аст. Амрико дар Афғонистон амалиёт сар кард ва ҳамаи кӯшишро мекунад, ки ин ҷанг ба ислом робита дода нашавад. Аммо сарони Осиёи Марказӣ бо такрори шиорҳои зидди терроризм ҳолати бархӯрди хунини Ғарб ва Исломро ба миён меоранд ва дар ин самт махсусан Ислом Каримов пешсаф аст. Ниҳодҳои ҳуқуқи башар бар инанд, ки бояд дар ҳамин мулоқоти Вашингтон дид, ки Амрико дар суханони худ то куҷо босубот аст. Ва бояд на ваъдаву шиор, балки корҳои амалӣ ва натиҷадор талаб карда шавад, меафзоянд онҳо.

XS
SM
MD
LG