Пайвандҳои дастрасӣ

Занони ҷаҳон дар рӯзи иди худ дар чӣ ҳоланд?



Салими Аюбзод

Иди байнулмилалии зан ба рӯзе табдил ёфт, ки аз гулдастаҳо дида ашку шиква ва эътироз дар он бештар буд, менависанд хабаргузориҳо аз гӯшаҳои гуногуни олам.

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар рӯзи иди занон таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳонро ба он ҷалб кард, ки дар тамоми кишварҳои ноором, ҷангзада ва бенаво занон осонтарин ва густардатарин ҳадафи зӯровариҳо мебошанд ва занон қурбониҳои аввалину охирини низоъҳое ҳастанд, ки асосан мардҳо ангезиш медиҳанд ва ба амал меоранд. Сарони ягон давлат, раҳбарони ягон оппозисюн бо вуҷуди ҳама гуна шиорҳои инсондӯстона наметавонанд фарзандони кушташудаи модарон ва шавҳарони бенишоншудаи занонро ба онҳо дубора баргардонанд. Дар рӯзи иди занон ҷаҳон бори дигар сиёсати Толибҳоро дар баробари занону дӯшизагони Афғонистон ба хотир овард. Лора Буш, хонуми аввали Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо Куфӣ Анон, Дабири кулли СММ нишастеро ба муносибати ид баргузор намуданд, ки вазъи дирӯзаву ояндаи занони Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварии он буд. Лора Буш ҳанӯз моҳи ноябр дар мавриди занони ҷафодидаи Афғон ва кӯдакони онҳо паёми радиоӣ нашр карда буд. Дар худи Афғонистон низ дар ёздаҳ соли ахир бори аввал Рӯзи байнулмилалии зан ҷашн гирифта шуд ва як зани матин Мери Робинсон, Кумиссари оли СММ дар умури ҳуқуқи инсон меҳмони занони Афғонистон буд ва бо дарки вазъи ҳанӯз тағйирнаёфтаи занон дар ин кишвар чунин гуфт: "Ин як оғози нав аст. Оғози бузурге барои занони Афғонистон, рӯзи умеди онҳо."

Ончунон ки мегӯянд, эҳёи Афғонистон ва ё ташкили артиши миллии он кори як моҳу ду моҳ нест, эҳтимолан тағйири муносибат ба занон низ дар як шабонарӯз ба амал нахоҳад омад, менависад Ройтерз ва меафзояд занон аз як сӯ дар бими бозгашти эҳтимолии толибҳо ва аз сӯи дигар аз нигаҳҳои таҳқиромез ва хасмонаи мардҳо ҳанӯз зери бурқа ба сар мебаранд. Аммо занон на танҳо дар кишварҳои даргир вазъи сангин доранд. Бунёди Кӯдаки Милали Муттаҳид ЮНИСЕФ рӯзи ҳаштуми март гуфт, ҳар дақиқа дар дунё як зан ҳангоми ҳомиладорӣ ва ё таваллуди кӯдак вафот мекунад. Ва ин ҳолат асосан ба кишварҳои дар ҳоли рушд дахл дошта, бар асари беаҳамиятии ҷамъият, камбуди дорувору ғизо ба амал меояд. Агар занон дар низоъҳои мусаллаҳона ҳадафи зӯроварӣ ва таҷовуз қарор нагиранд ва ё дар кишварҳои бенаво ҳангоми ба дунё овардани инсони наве ки фардо низ силоҳ ба даст хоҳад гирифт, аз ҷаҳон чашм напӯшанд ва ё зери санги фишори гурӯҳҳои тундрав намонанд, дар беҳтарин ҳолат ва дар пешрафтатарин ҷомеъа ҳадафи ҳамла ва ё табъизи ҷинсӣ қарор мегиранд. Дар чандин кишвари ҷаҳон дар рӯзи ҳаштуми март занон бар зидди кӯшишҳои сӯйиистифода аз онҳо аз тарафи сардорони булҳавас ва фишори ҷинсӣ дар корхонаву муассисаҳо раҳпаймойиҳо баргузор шуданд, аз ҷумла дар мамолики мусулмоне монанди Бангладеш. Занони Шарқ ҳамчунин ба куштор ва ё латукӯбҳои ба истилоҳ "номусӣ", ки хешовандонашон дар нисбати онҳо раво мебинанд эътироз намуданд. Хулоса ин иде буд, пур аз эътирози шадид ва норозигӣ аз вазъи мавҷуда.

XS
SM
MD
LG