Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назари департаменти давлатии ИМА оиди озоди матбуот ва гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон



Нурмуҳаммади Холзода

Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон як бахшро ба озодиҳое ихтисос додааст, ки ба гирдиҳамоиҳои сулҳомез ва ташкили анҷуманҳо иртибот дорад.

Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон як бахшро ба озодиҳое ихтисос додааст, ки ба гирдиҳамоиҳои сулҳомез ва ташкили анҷуманҳо иртибот дорад. Дар ин гузориш омадааст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон гирдиҳамоиҳои сулҳомезро иҷоза медиҳад. Вале дар амал давлат ин ҳуқуқро маҳдуд мекунад ва назорати шадид бар созмонҳои дорои хусусияти сиёсиро ҷорӣ кардааст. Иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, аз қабили Иттиҳодияи Синфӣ ё профсоюз, ҳақи мулоқот доранд. Созмонҳои сабтиномшуда бояд барои баргузор кардани ҳамоишҳо ё тазоҳуроти иҷтимоъӣ аз мақомоти маҳаллӣ иҷоза гиранд. Гаҳ-гоҳе чунин иҷоза дода мешавад, вале давлат аз созмондиҳандагони он интиқом мегирад. Дар гузориш гуфта мешавад, тарс аз интиқом ба он андоза зиёд аст, ки тазоҳурот ё ҳамоишҳои дорои хусусияти сиёсӣ дар давоми сол хеле кам ба назар расид. Масалан, дар моҳи май мақомоти Кулоб аз баргузории як мулоқоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҷилавгирӣ ва ду нафар аз аъзои ин ҳизбро барои муддати кутоҳ боздошт карданд. Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон ташкили анҷуманҳои ғайрисиёсӣ иҷоза дода мешавад. Аммо аз созмонҳову Иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ дархост мешавад, ки дар вазорати додгустарии Тоҷикистон сабти ном шаванд. Раванди сабти ном дар ин вазорат гоҳо тул мекашад ва аз сомонҳо дархост мешавад, ки санадҳои худро ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пешниҳод кунанд. Масъулони таҳқиқи матни санадҳо низ гоҳо корро ба кундӣ анҷом медиҳанд. Дар ҳамин ҳол аҳзоби дорои хусусияти мазҳабӣ иҷозаи сабти ном доранд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ин кишвар ҳоло панҷ ҳизби сиёсӣ ва панҷ ҷунбиш сабти ном шудаанд. Моҳи январ додгоҳи Олӣ фаъолияти ҳизби Адолатхоҳро ба далели кам будани шумораи аъзои ҳизб мамнуъ эълон кард. Мақомоти ҳизб мегуянд, ки онҳо аз сиёсати иқтисодии давлат интиқод карданд ва давлат дар ҷавоб фаъолияти онҳоро мамнуъ кард. Се ҳизби дигар ба таври расмӣ мамнуъ эълон шудаанд. Ҳизби Ваҳдати Мардумӣ дар соли 1998, Ҳизби Кишоварзӣ дар моҳи апрели соли 1996 ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҷиноҳи Теҳрон дар соли 1999. Ҳизби Эҳёи Иқтисодиву Сиёсии Тоҷикистон соли 1999 ба далели камбуди аъзо сабти ном нашуд. Аммо Ҳизби Адолату Тараққиёт аз соли 1999 то ҳол ба сабабҳои номаълум сабти ном намешавад. Соли 2000-ум ин ҳизб номи худро тағир дод ва Ҳизби Сотсиал Демократ ном гирифт ва талош кард бо ин ном сабти ном кунад. Вале ин бор низ ба сабаби номаълум сабти номи он то поёни сол мавқуф гузошта шуд. Як Қонун, ки соли 1998 ба тасвиб расида буд, дарёфти кумак аз ниҳодҳои мазҳабиро мамнуъ мекунад.

XS
SM
MD
LG