Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов



Мирзонабии Холиқзод

Дар Душанбе мулоқоти сафири Иёлоти Муттаҳида Франклин Ҳаддл ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баргузор гашт ва сафир Ҳаддл номаи президенти Амрико Ҷорҷ Бушро ба сарвари Тоҷикистон тақдим кард.



Сафири Иёлоти Муттаҳида Франклин Ҳаддл дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов паёми президенти Амрико Ҷорҷ Бушро ба сарвари Тоҷикистон расонд, ки ба гуфтаи сафир аз ҳамкории Тоҷикистон бо Амрико дар эътилофи зидди ваҳшатафканӣ баҳои олӣ додааст. Франклин Ҳаддл ҳамчунин номаи президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Волкер Бушро ба президенти Тоҷикистон тақдим намуд. Сафири Иёлоти Муттаҳида гуфт, ду тараф инчунин масъалаи бунёди сафорати комили ИМА-ро дар Душанбе баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG