Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои узви Иттиҳоди Муштаракулманофеъ нишасти ғайрирасмии худро дар ҳавои ҳамкорӣ бо Амрико ва коҳиши садоқат ба Маскав пушти сар намуданд



Соҷидаи Мирзо

Сарони кишварҳои Муштаракулманофеъ, ки дар тӯли беш аз даҳ соли мавҷудияти Иттиҳод ҳалли мушкилоти байниҳамиро дар толори маҷлисҳо пайдо накарданд, акнун бо сӯитафоҳум, эътироз ба якдигар, тағйири самтгириҳои геополитикӣ ва нобарориҳои суннатии худ рӯзи ҷумъа дар оғӯши кӯҳҳои барфпӯши Тян Шон ҷамъ омаданд.

Сарони кишварҳои Муштаракулманофеъ, ки дар тӯли беш аз даҳ соли мавҷудияти Иттиҳод ҳалли мушкилоти байниҳамиро дар толори маҷлисҳо пайдо накарданд, акнун бо сӯитафоҳум, эътироз ба якдигар, тағйири самтгириҳои геополитикӣ ва нобарориҳои суннатии худ рӯзи ҷумъа дар оғӯши кӯҳҳои барфпӯши Тян Шон ҷамъ омаданд. Аммо дар марҳилаи нав, марҳилаи афзоиши нуфузи Амрико дар қаламрави собиқ Шӯравӣ ва коҳиши садоқати ин кишварҳо ба Маскав. Дар ҷамъомади ғайрирасмӣ раисони ҷумҳури 11 кишвари узви Ҷомеъи Муштаракулманофеъ иштирок намуданд. Ба истиснои президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ки дар ҳоли табобати баъди амалиёти ҷарроҳӣ қ арор дорад. Ҳатто президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов, ки маъмулан бо ҳар баҳона аз чунин маъракаҳо даст мекашид, ин дафъа даъватро пазируфт. Нишасти Алмато дар сояи таҳаввулоти Афғонистон, баҳси Маскаву Тбилиси бар сари истиқрори нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Гурҷистон, бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова ва кӯшиши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бунёди сиёсати мустақили минтақавӣ баргузор шуд. Ба таҳайюри баъзе коршиносони ғарбӣ Русия чун пештара аз ҷанги Иёлоти Муттаҳида алайҳи терроризм пуштибонӣ намуд ва дар робита ба Афғонистон изҳор дошт, Русия мехоҳад дар бунёди Афғонистон нақши калидӣ дошта бошад. Ҷузъёти мулоқоти рӯ ба рӯи президент Путин бо Эдуард Шеварднадзе маълум нест. Аммо раиси ҷумҳури Гурҷитстон мавқеъи худро дар баробари Русия қабл аз шурӯъи нишаст муаян кард ва Амрикоро шарики беҳтар аз Русия арзёбӣ намуд. Шеварднадзе гуфт, Гурҷистон тайи ҳашт сол дар самти дӯстиву наздикӣ бо Русия талош варзид, аммо ин ҳаракатҳо самараи дилхоҳ надоданд. Путин норозигии худро аз ҳамкории Тбилиси бо Вашингтон зоҳир накард ва ҳангоми мулоқот бо Шеварднадзе самимона дастфишорӣ намуд. Гузашта аз ин дар нишасти Алмато гуфт, фоҷеъаеро дар ҳамкории Гурҷистону Амрико намебинад. Масъалаи дигар пуштибонӣ аз президенти коммунисти Молдова Александр Воронин буд, ки ба иллати маскавгароии худ дар ростои талаби истеъфо қарор гирифтааст. Дар ин замина гуфта шуд, ки раисони ҷумҳури кишварҳои муштаракулманофеъ аз хати маши Воронин оиди ҳалли бӯҳрони дохилӣ бо роҳҳои сиёсӣ пуштибонӣ намуданд. Русия ба ин нишасти ғайрирасмӣ таври маъмул бо лӯлаҳои худ ворид шуд. Аниқтараш бо пешниҳоди рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳои итеҳсолкунандаи энержӣ. Дар ин замина президент Путин мулоқотеро бо раисони ҷумҳури Қазоқиситон, Туркманистон, ва Узбакистон анҷом дод, ки бо қабули як изҳороти муштарак ба анҷом расид. Гуфта мешавад, ки изҳорот бо назардошти бунёди шароити мусоид дар густариши муназзами иқтисоди, боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва рушди тиҷорати мутақобилан судманд қабул шуд. Дар нишасти ғайрирасмии Алмато ҳамчунин масълаи қочоқи маводи мухаддир ва густриши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ баррасӣ гардид. Агар кас бо вазъи Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ ошноӣ надошта бошад, баъди пахши хабарҳо аз ин нишаст гумон мекунад, ки ин созмон акнун ба шукуфтан шурӯъ мекунад. Аммо таҷрибаи даҳсола нишон медиҳад, ки чунин нишастҳо танҳо барои зикри мушкилот баргузор мешаванд ва ҳамаи қарору изҳоротҳои Иттиҳоди Муштаркулманофеъ маъмулан дар рӯи қоғаз мемонанд. Аз ин вазъ баъзе кишварҳои дохили Иттиҳод, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ба таври худ натиҷагирӣ намуданд ва як рӯз пеш аз нишасти Алмато Иттиҳоди тиҷороатии худро ба Созмони Ҳамкориҳои минтақавӣ табдил доданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ин тағйиротро амалӣ зарурие арзёбӣ намуд, ки ба гуфтаи ӯ аз воқеъияти феълии баъди ҳуҷум ба Амрико ва муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризм маншаъ мегирад. У гуфт, "Бо мақсади вокуниши сареъ дар баробари мушкилоти вақт мо Иттиҳоди қаблиро тағйир додем, онро бо салоҳиятҳои густарда ва сифатан нав таъмин намудем, то ин ташкилот тавони муқоимат ва истодагарӣ дар баробари ҳама душвориҳоро дошта бошад."

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба гуфтаҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар навбати аввал кишварҳои минтақа бояд дар масоили марбут ба терроризм, бандитизм, маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо муштракан амал кунанд. Дар акси ҳол гуфт, Назарбоев ҳеҷ ба истилоҳ "тағое" аз хориҷ ба мо кӯмак нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG