Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов Афғонистонро узви САҲА дидан мехоҳад



Тоҳири Сафар

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи панҷшанбе аз Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо даъват кард, Афғонистонро ба узвияти ин созмон бипазирад.



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи панҷшанбе аз Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо даъват кард, Афғонистонро ба узвияти ин созмон бипазирад. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҷомеаи Осиёи Марказӣ алоқаманди таъмини амният дар минтақа аст, ва ин ба таъбири Эмомалӣ Раҳмонов ба "сулҳи бебозгашт ва бунёдии" Афғонистон вобаста аст. Президенти Тоҷикистон афзуд, ноамнӣ дар Афғонистон боиси ҷамъ омадани ҳазорон ваҳшатафкан ва гӯруҳҳои бунёдгаро шуд, ки ҳуқуқи мардуми ин кишварро помол мекарданд ва сабаби фоҷиаҳои 11 сентябр низ шуданд. Ҷаноби Раҳмонов ҳамчунин илова кард, ки Тоҷикистон бо кӯмаки ҷомеаи байналмилали ва махсусан Созмони Милал ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

XS
SM
MD
LG