Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо тағйири авзоъ дар Афғонистон мавҷи маводи мухаддир ба Тоҷикистон кам нашудааст



Мирзонабии Холиқзод

Сарвари Оҷонси назорат бар маводи мухаддир дар Тоҷикистон Рустам Назаров дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Афғонистон ҳамоно манбаъи аслии маводи мухаддире боқӣ мондааст, ки ба воситаи Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо интиқол меёбад.





Ин нишаст ба муносибати нашри гузориши солонаи БарномаиМилали Муттаҳид дар назорати маводи мухаддир баргузор шуда, дар гузориш низ омадааст, ки мавҷи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон коҳиш наёфтааст. Матю Каҳане намояндаи барнома дар Душанбе ҳамчунин илова намуд, ки гурӯҳ ва шабакаҳои интиқоли маводи мухаддир ҳарчи бештар аз навтарин дастовардҳои фанноварӣ, ба монанди комютеру Интернет ва телефонҳои ҳамроҳ истифода мекунанд, аммо ниҳодҳое ки ба ин шабакаҳо мубориза мебаранд, аз лиҳози таъминот бо камбуди ҷиддӣ рӯбарӯянд. Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки як рӯз пеш дар марз 10 килограмм ҳероин ва дар қатори роҳи оҳани Душанбе-Аштархон 30 килограм ҳероин кашф ва мусодира шуда, дар шаҳри Душанбе як шабакаи қочоқи маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG