Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Афғонистон дар пайи кушодани роҳҳои Осиёи Марказиянд



Салими Аюбзод

Вазирони молияи Покистон ва Афғонистон рӯзи сешанбе гуфтанд, онҳо масъалаи эҳё ва корбурди густардаи роҳҳои ҳамлу нақлро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Онҳо афзуданд,ҳамчунин барномаи бунёди лӯлаҳои нафту гази Осиёи Марказиро аз тариқи қаламрави Афғонистон ва Покистон мавриди сӯҳбат қарор доданд.



Вазири молияи Афғонистон ва ҳамзамон муовини сарвазири идораи муваққати ин кишвар Ҳидоят Амин Арсало, ки ҳоло дар Покистон сафари расмӣ анҷом медиҳад, гуфт, равобити Афғонистону Покистон дар заминаи боз кардани роҳҳо ба ва аз Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошанд. Вазири молияи Покистон Шавкат Азиз гуфт, барномаи густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз барномаҳои чандинсолаи Исломобод мебошад, ки ба сурати ҷиддӣ бо вазъи Афғонистон бастагӣ дорад. Шавкат Азиз афзуд вай бо вазири афғон камаш панҷ намуди робитаҳои ояндаро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кард, ки инҳо ҳастанд, лӯлаҳои нафт, газ, хатти интиқоли барқ, роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан. Амин Арсало хусусан аз Тоҷикистон намуна оварда, гуфт, Тоҷикистон метавонад, нирӯи барқи худро ба Афғонистон ва Покистон бифурӯшад. Ба маълумоти хабаргузории Ройтерз, масъалаи сохтмони лӯлаҳои газ аз Туркманистон ба Покистон дар ҷараёни сафари Ҳомиди Карзай, раҳбари идораи муваққати Афғонистон ба Исломобод ва мулоқоти ӯ бо президенти Покистон генерал Парвиз Мушарраф аввали моҳи феврал баррасӣ шудааст. Ин барнома дар гузашта пешниҳод шуда, қарор буд, ба дарозои 740 километр аз Туркманистон то Покистон лӯлаи газ кашида мешуд. Аммо ҳамаи фаъолиятҳо барои татбиқи барнома дар соли 1998 қатъ гардид. Ду ҳафта пеш хабарҳо нашр шуд, ки Тоҷикистон интиқоли нирӯи барқро ба шимоли Афғонистон оғоз кардааст, аммо дертар маълум шуд, ки ин танҳо оғози баррасии чунин тарҳ будааст. Аммо дар гузашта Тоҷикистон ва Ӯзбакистон чандин вилояти шимолии Афғонистон бо барқ таъмин мекардаанд ва баъди ишғоли Кобул аз тарафи толибҳо ин ҳамкориҳо қатъ гардида буд. Покистон дар соли 1992 бо Тоҷикистон дар бораи анҷоми сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун ба маблағи 500 миллион доллар созишнома имзо карда буд, ки мебоист дар ивазаш нирӯи барқ мегирифт. Аммо дар солҳои баъд ин тарҳ низ аз ёдҳо фаромӯш гашт. Он гуна ки ба назар мерасад, нишасти вазирони молияи Афғонистону Покистон дар Исломобод барномаҳо фаротар аз эҳёи ҳамкориҳои гузаштаро дар назар доранд ва ба масъала куллан назар афканда мешавад. Барои давлатҳои роҳбандшудаи Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистон низ боз шудани роҳҳои интиқоли молу мавод ба самти Уқёнуси Ҳинд ба воситаи Афғонистону Покистон барномаи пур аз манфиат ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG