Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ҳайъати Бюрои Федероли Пажӯҳишоти Амрико ба Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Ҳайъати Бюрои Федероли Пажӯҳишоти Амрико ва ё Эф Би Ай, дар шаҳри Душанбе бо сарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкориро дар муборизаи зидди ҷинояткорӣ ва ваҳшатафканӣ баррасӣ карданд.



Фиристодагони Бюрои Федероли Пажӯҳишоти Амрико таҳти сарварии Дуглас Гудин дар Душанбе бо сарони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтушунид намуда, аввалин заминаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккилона тарҳрезӣ карданд. Нойиби аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Абдураҳим Қаҳҳоров натиҷаҳои ин гуфтушунид ва зарурати ҳамкориҳоро мусбат арзишёбӣ кард. Вай гуфт як бахши ҳамкориро табодулаи маълумоту таҷриба дар ин ришта ташкил дод. Ҳамчунин афсарони умури дохилии Тоҷикистон қарор аст, дар ниҳодҳои Бюрои Федероли Пажӯҳишоти Амрико коромӯзӣ кунанд ва ин ташкилоти машҳур ваъда додааст, ки дар таъмини сохторҳои умури дохилии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир кӯмак хоҳад кард. Генерал Қаҳҳоров гуфт, аслан ҳамкориҳо дар риштаи коромӯзӣ кайҳо шурӯъ шудаанд ва афсарони тоҷик дар мактабҳои такмили ихтисоси Эф Би Ай таълим мегиранд. Зимнан яке аз нахустин афсарони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар солҳои Ҷанги Сард меҳмони Эф Би Ай шуда, дар курсҳои он хондааст ва соҳиби ҷойизаи ин ниҳод гаштааст, генерали тоҷик, собиқ нойиби раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон шодравон Ҷӯрабек Аминов мебошад.

XS
SM
MD
LG