Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоҷиён дар кӯҳи Арафот



Нурмуҳаммади Холзода

Рӯзи панҷшанбе ду милён нафар мусулмон ба кӯҳи муқаддас - қӯҳи Арарфот баромаданд ва бад-ин тариқ яке дигар аз маросимҳоеро, ки маъмулан дар ҷараёни ҳаҷ анҷом мегирад, адо карданд.

Рӯзи панҷшанбе ду милён нафар мусулмон ба кӯҳи муқаддас - қӯҳи Арарфот баромаданд ва бад-ин тариқ яке дигар аз маросимҳоеро, ки маъмулан дар ҷараёни ҳаҷ анҷом мегирад, адо карданд. Кӯҳи Арафот барои он муқаддас дониста мешавад, ки Муҳаммад-Паёмбари ислом 14 қарн пеш дар рӯзҳои адои ҳаҷ ба ин кӯҳ баромад ва охирин мавъизаи худро аз ин кӯҳ ба мардум ироа кард. Имсол низ мавҷи одамон бо эҳром дар тан ва бо садоҳое, ки ифодакунандаи тавбаву надомат ва илтиҷои кӯмак аз худост ба ин кӯҳ расиданд. Дар ин рӯзҳо ҳоҷиён дар мошин, дар ҳавопаймо, умуман дар ҳар ҷо, ба гуфтаи худашон, каломи шариф дар забон доранд. Бино ба гузоришҳои расида, ҳатто бисёре аз ҳоҷиён, ҳангоме ки ба кӯҳи Арафот наздик мешуданд, аз шиддати ҳаяҷон ашк мерехтанд. Мегӯянд, бори ахир, вақте ки Муҳаммад-Паёмбари ислом ба Ҷабал-ур-Раҳмон баромад, мавъиза мехонд ва гуфта буд: "Худои таъоло, маро ва ононеро, ки маро дуст доранд, бубахшой ва аз оташи дузах дар паноҳат нигаҳ дор". Як нафар зоир, ки худро ба хабарнигори Ройтер зоири Ниҷериёӣ муъаррефӣ кардааст, бо такрори суханони Муҳаммад ашк дар чашм бо умеде рӯ ба осмон даст ба омин бардоштааст. Вай гуфтааст, ки эҳсосоташро дар он лаҳзаҳо наметавонад бо сухан тасвир кунад, вале гуфтааст, танҳо салобату сутуват метавонад баъд аз 14 қарн ин милёнҳо нафар дилбохтаро дар ин макони муқаддас гирдиҳам орад. Баъд аз ғуруби Хуршед ҳоҷиён куҳи Арафотро тарк карданд ва дар секилуметрии он дар Муздалифоҳ шабро сипарӣ мекунанд ва баъд аз он ҳафт сангча барои худ интихоб мекунанд, то дар дар бомдоди рузи ҷумъа ба Ҷамарот бираванд ва дар Мино бо ин сангҳо ба таври рамзӣ ё самбулик шайтонро бизананд. Дар рӯзи Арафот ҳаво дар Макка 33 дараҷа гарм буд ва аксарият барои ҳимоят аз гармои офтоб бо худ чатр гирифта буданд. Гаҳ-гоҳе пешхидматҳо бо оҳистагӣ ба ҳоҷиён об мепошиданд. Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо тадобири амниятӣ тақвият ёфтааст. Чархболҳо дар ҳаво парвоз мекунанд ва кӯмакҳои тиббӣ низ ба ниёзмандон расонда мешавад. Пулиси зиддитазоҳурот дар ҳар ҷо ба чашм мехӯрад, вале онҳо ба касе халал намерасонанд, баръакс кӯмаки онҳо дар ҳар ҷо эҳсос мешавад. Мақомоти Арабистони Саъудӣ ба ҳоҷиён ҳушдор додаанд, ки онҳо ҳаққи баргузор кардани тазоҳуротро надоранд.

XS
SM
MD
LG