Пайвандҳои дастрасӣ

Амирқул Азимов: Тоҷикистон сиёсати мустақили беруна дорад ва ин сиёсат зидди терроризм аст



Мирзонабии Холиқзод

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов дар посух ба изҳороти ахири президенти Беларус Александр Лукашенко, ки гуфтааст, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо додани пойгоҳ ба нирӯҳои ғарбӣ Паймони амнияти дастҷамъиро халалдор карданд, мегӯяд, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ мустақил аст ва ҳамчун ҷабрдидаи терроризм ба эътилофи зидди ваҳшатафканӣ кӯмак мекунад.



Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов гуфт, баёнияи президенти Беларусро надидааст, аммо агар Александр Лукашенко кишварҳои Осиёи Марказиро айбдор мекунад, ки ба нирӯҳои Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида пойгоҳ додаанд, бояд бифаҳмад, ки ҳар кишвар дар сиёсати берунаи худ мустақил мебошад. Азимов афзуд: "Тоҷикистон, ки ба амалиёти зидди терроризм кӯмак мекунад, баёнгари ин аст, ки он зидди терроризм мебошад. Аммо аз сӯи дигар мо барои ҳузури дарозмуддати нирӯҳои хориҷӣ, ба истиснои фирқаи 201-уми Русия ва марзбонони рус бо ягон кишвар аҳдномаи дарозмуддат надорем ва нахоҳем дошт. Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи душанбе давлатҳои Осиёи Марказиро ба он айбдор кард, ки бо додани пойгоҳ ба нирӯҳои ғарбӣ Паймони амнияти дастҷамъии Ҷомеаи Муштаракулманофеъро вайрон ва беарзиш кардаанд. Вай гуфт, ин масъаларо дар нишасти сарони ҷомеа дар Алмати ба миён хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG