Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ББА ихтисоси се барномаи қарзи ҳукумати Тоҷикистонро зери суол қарор додааст



Мирзои Салимпур

Бунёди Байналмилалии Асъор изҳор дошт, ки се барномаи қарзи ҳукумати Тоҷикистонро аз ду соли охир аз нав баррасӣ хоҳад кард, зеро Душанбе шароити ин қарзҳоро иҷро намекунад.

Бунёди Байналмилалии Асъор изҳор дошт, ки се барномаи қарзи ҳукумати Тоҷикистонро аз ду соли охир аз нав баррасӣ хоҳад кард, зеро Душанбе шароити ин қарзҳоро иҷро намекунад. Ба ақидаи ин ниҳод, ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди додани ҳисобот ба ҷониби қарздиҳанда таъхир мекунад ва Бунёди Асъор гуфта наметавонад, ки ин маблағҳои қарз ба Тоҷикистон ихтисос дода хоҳанд шуд ё на. Ин се созишномаи қарз ба маблағи бештар аз 30 миллион доллар буда, дар байни ду соли гузашта имзо шуда буданд. Едуардо Анинат мудири иҷрои барномаҳои Бунёди Байналмилалии Асъор гуфт, таъхири мақомоти Душанбе дар ин маврид як ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Мавсуф аз мақомоти Тоҷикистон ҳамоҳангии бештар бо Бунёди Байналмилалии Асъорро тақозо намуд.

XS
SM
MD
LG