Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон 85 миллион доллар кӯмак хоҳад кард



Салими Аюбзод

Тоҷикистон -- 85,3 миллион доллар. Туркманистон -- 16,4 миллион доллар. Ӯзбакистон -- 161,8 миллион доллар. Қазоқистон -- 81,6 миллион доллар. Қирғизистон -- 49,0 миллион доллар.

Дар нишасти матбуотии ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳиида Елизабет Ҷонс аз ӯ савол шуд, ки кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ҳампаймонҳои нави Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтаанд, дар кадом сатҳ аст. Ба маълумоти Елизабет Ҷонс ҳукумати Иёлоти Муттаҳида қарор кардааст, дар соли 2002-юм ба Ӯзбакистон дар ҳаҷми қариб 162 миллион доллар, ба Тоҷикистон 85 миллиону сесад ҳазор, ба Қазоқистон 81 миллион, ба Қирғизистон 49 миллион ва ба Туркманистон 16 миллион доллар кӯмак кунад.

Барои муқойиса дар соли 2001-ум Ӯзбакистону Тоҷикистон 56 миллионӣ, Қазоқистон 71, Қирғизистон 41 ва Туркманистон 12 миллион доллар кӯмак гирифта буданд. Ҳамин тариқ ҳаҷми кӯмак ба Тоҷикистон қариб 30 миллион доллар афзудааст. Аммо кӯмак ба Ӯзбакистон аз 56 ба 162 миллион доллар, яъне ба андозаи қариб 106 миллион зиёд шудааст. Гуфта мешавад, ин афзойиш ба думболи ширкати кишварҳои мазкур дар амалиёти Амрико дар Афғонистон имконпазир гардидааст. Таҳлилгарон мегӯянд, манфиат аз ин кӯмакҳо ба тарзи истифодаи онҳо бастагӣ хоҳад дошт. Ин сармоя метавонад ба ислоҳоти иқтисодӣ, беҳбуди зиндагии мардум сарф шавад ва ё аз роҳи фасоду ришват дар ҳисобҳои бонкии пинҳонии мансабдорон ҳазм гардад.

XS
SM
MD
LG