Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Маскав метавонад нақши пешинаи худро дар Осиёи Марказӣ ҳифз кунад?



Соҷидаи Мирзо

Дар тӯли даҳ соли ахир бори аввал аст, ки мақомоти баландпояи Афғонистон аз хоҳиши ҳамкории ҳарбӣ бо Русия ва харидории силоҳу техникаи ҷангии он рози сар ба муҳр намесозанд ва ошкоро мегӯянд, ки дар таъсиси артиши милии Афғонистон Русия нақши калидӣ хоҳад дошт.

Дар тӯли даҳ соли ахир бори аввал аст, ки мақомоти баландпояи Афғонистон аз хоҳиши ҳамкории ҳарбӣ бо Русия ва харидории силоҳу техникаи ҷангии он рози сар ба муҳр намесозанд ва ошкоро мегӯянд, ки дар таъсиси артиши милии Афғонистон Русия нақши калидӣ хоҳад дошт. Вазири дифоъи ҳукумати мувақатии Афғонистон генерал Муҳаммад Фаҳим бо изҳори ниёзмандии Афғонистон ба харидории силоҳи Русия гуфт, Афғонистон аз техникаи ҳарбӣ, муҳимоти алоқа ва мутахасисони ҳарбии зарур барои артиши миллӣ бархӯрдор нест ва аз ҳарвақта бештар ба кӯмаку ҳамкории Русия ниёз дорад. Изҳороти мақомоти низомии Афғонистон оиди нақши Русия дар ташкили артиши миллӣ ва дар маҷмӯъ сафари ин ҳайъати густарда ба Маскав, ба захмҳои иззати нафси Русия, ки акнун дар Афғонистон нақши дуюмдараҷа дорад, таъсири малҳамро дошт. Ба сурати умум Русия аз дастрасии Иттиҳоди Шимол ба мансабҳои калидии ҳукумати мувақатӣ, амсоли вазири дифоъ, дохилӣ, хориҷӣ ва амният розӣ аст. Аммо бо нақши дуввум ва ё сеюмдараҷа дар Афғонистон мутмаъин нест, ки то чанд муддати дигар метавонад ин формула ва тавассути он нуфузи худро дар Афғонистон ҳифз кунад. Матбуоти Русия мавзуъи бебозгашт аз даст рафтани Афғонистон ва коҳиши нақши Русия дар Осиёи Марказиро ба думболи он, пайваста доман мезанад ва дар ин замина ихтилофи назари Русияву Амрикоро бар сари Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ногузир мешуморанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вежа Тоҷикистон, ки аз ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он дар ҷанги зиддитерроризм фоидаи молӣ ва сиёсӣ интизор доранд, аз ин сару садоҳо, ки гоҳо аз забони мақомоти баландпояи низомӣ низ садо медиҳанд, нороҳат мешаванд. Зеро пӯшида нест, ки Маскав бо сабаби заъфи иқтисодӣ дар сурати зарурат аз роҳи имконпазир, яъне тавтеъи ҳарбӣ кор мегирад. Ҳаракатҳои Русия дар Афғонистон, чӣ бо нияти хайр ва чӣ бо нияти ғайр умдутан тавассути Тоҷикистон сурат мегиранд. Ва Тоҷикистон бо заъфи мавқеъи худ аз эҳтимоли ихтилофи назари Ғарбу Русия дар Афғонистон бештар ташвиш дорад. Доираҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд феълан Русияву Амрико дар Афғонистон манофеъи муштарак доранд: Мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз интиқоли ифротгароӣ, маводи мухаддир ва офатҳои дигар. Аммо пешгӯӣ намудан душвор аст, ки Маскав фардо низ бо ҳамин мавқеъ қаноатманд бошад. Ба гуфтаи таҳлилгари хабаргузрории Азия Плюс Илҳом Назриев дар гузаштаи начандон дур сабқати кишварҳои абарқудрат барои нуфуз дар Афғонистон ба ҷанги беш аз 20 сола ва терроризму ифротгароӣ печид ва ҳоло, ки имкони оромӣ дар Афғонистон ба даст омдааст, шурӯъи сабқат ба фоидаи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд. Ҳаллӣ муноқишаи Афғонистон ва оромиву субот дар ин кишвар қабл аз ҳам ба фоидаи Тоҷикистон аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо мутахасисони ҳунарманди худ, ки умдатан ҷойи кор надоранд, метавонанд дар бозсохти Афғонистон ба вежа эҳёи соҳаи сохтмон ва тибқи он саҳм бигирад. Маҳсулоти санотаии худро ба Афғонистон фурӯшад ва ҳамсоягии хубро бо ин кишвар ба роҳ монанд. Ин ҳама аз имкон дур нест. Ба шарте, ки Маскав дар мавқеъи феълии худ мустаҳкам боқӣ монад. Маскав, шарики стратегӣ ва низомии Иттиҳоди Шимол, аз маъракаи зиддитеррористии Амрико дар Афғонистон пуштибонӣ кард ва билохира гуфт, ки чандин сол боз ба Иттиҳоди Шимол кӯмаки низомӣ кардааст. Русҳо ҳатто қабл аз шурӯъи фаъолияти ҳукумати муваққатӣ сафорати худро дар Кобул боз ва парчами худро болои он парафшон намуданд. Русия дар бозсохти иқтисодии Афғонистон саҳм намегирад. Тавони иқтисодиаш намерасад. Аммо ширкати он дар таъсиси артиши миллӣ ба гунае халоъи бозсохти иқтисодиро пур мекунад. Ба гуфтаи коршиносон акнун, ки Афғонистон соҳиби ҳукумат буда маблағҳоеро низ дар ихтиёр дорад, ҳамкории ҳарбии Маскаву Кобул на ба тариқи ройгон, балки дар асоси тиҷоратӣ сурат хоҳад гирифт. Аз сӯи дигар вазири дифоъи Русия Сергей Иванов бо зикри эҳтимоли интиқоли ҳавопаймоҳои боркаш, чархболҳои низомӣ ва муҳимоти алоқа ба Афғонистон гуфт, додугирифт бидуни хисороти молии ду кишвар ҷараён хоҳад гирифт ва таъкид намуд, ки Маскав мақсади тиҳи намудани хазинаи Афғонистонро надорад. Аммо вазири вазъи Фавқулоддаи Русия Сергей Шогу баъди мулоқот бо вазири дифоъи Афғонистон Генрал Муҳаммад Фаҳим дар бораи интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон ба шимоли Афғонистон сӯҳбат кард. Соли гузашта ҳангоми сафари як ҳайъати соҳаи энержии Русия масъалаи сармоягузории Маскав ба нирӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон матраҳ шуд. Ва изҳороти Шогу ба маъниест, ки Маскав мехоҳад аз фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистон баҳра бардорад ва ё бохти сиёсии худро бо фоидаи иқтисодӣ ҷуброн кунад. Таҳлилгари Азия Плюс Илҳом Назриев мегӯяд Маскав бо он тавони молие, ки дорад, бояд ба нақши дуввумдараҷа дар Афғонистон қаноат кунад ва дар пиёда намудани ҳадафҳои худ ба иқдомоти хатарнок даст назанад. Зеро ҳар иқдом дар ин самт ба фоидаи Русия анҷом нахоҳад шуд. Кишварҳои Ғарбӣ, ки барои бозсохти дубораи Афғонистон кисса тиҳӣ мекунанд ва аскарони онҳо амниятро дар шҳрҳои хатарноки Афғонистон таъмин менамоянд, аз чӣ гунагии нуфузи Русия дар ин гӯшаи Осиёи Марказӣ ва ё эҳтиёт дар баробари асабонияти Маскав ташвиш надоранд. Дар робита ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ мавқеъи Ғарб рӯшан аст. Ёлизабет Ҷонс ёвари Котиби Давлатии Амрико баъди сафар ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон эҳтимоли сабқати Амрикову Русияро бар сари минтақаи Осиёи Марказӣ соқит кард. Аммо афзуд, кишварҳои минтқа соҳибистиқлоланд ва ҳар қарори заруриро низ бо ихтиёри худ қабул мекунанд. Аммо бо киссаи холии Маскав ва бо ниёзмандие, ки минтақа ба кӯмаки молӣ дорад, тарҷеҳи давлатҳо ва мавқеъи онҳоро дар интихоби шарик пешгӯӣ намудан душвор нест.

XS
SM
MD
LG