Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни интихоботи Тоҷикистон ислоҳ хоҳад шуд



Раҳматкарими Давлат

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо мақомоти раҳбарии Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон ба як хулоса омаданд, ки Қонуни интихоботи Тоҷикистон ба ислоҳу беҳбуд ниёз дорад ва бояд ба зудӣ чунин таҳрир ба Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод шавад.



Раиси Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев баъди дидору гуфтушунид бо фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Иво Петров ва раиси намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе Марк Жилберт ба хабарнигорон гуфт, қонуни интихоботи Тоҷикистон зарурат ба таҳрир ва тасҳеҳ дорад. Вай афзуд, ба зудӣ чунин пешниҳодҳо ба вакилони парламент расонда хоҳанд шуд. Марк Жилберт ба хабарнигори Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, натиҷа ин аст, ки таҳти сарпарастии намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе як гурӯҳи корӣ таъсис хоҳад ёфт, ки ҳадафаш гирдоварӣ ва таҳияи пешниҳодҳо барои таҳрири қонуни интихобот хоҳад буд. Раиси Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев иқрор кард, ки қонуни мазкур дар шароити душвори сиёсӣ қабул шудааст ва чандин амри он ба шароити имрӯза мувофиқ нест. Аз ҷумла қонун бояд алтернативӣ будани интихоботро талаб кунад ва ҳамчунин ҷамъ кардани 500 имзо, тафтиши ин имзоҳо кори кумисюнҳои интихоботиро мушкил мекунад. Ҳамаи тарафҳо гуфтанд, мақсад аз ислоҳи қонун боз ҳам демократӣ ва озоду одилона кардани интихоботу назархоҳиҳо хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG