Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши мусулмонон ва насрониҳо дар Туркия



Нурмуҳаммади Холзода

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва созмони Конфронси Исломӣ рӯзи сешанбе дар Истамбул гирдиҳам меоянд, то фаъолиятҳои ҷаҳони ислому насрониро дар заминаи рӯйдодҳои 11-сентябр ҳамоҳанг кунанд.

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва созмони Конфронси Исломӣ рӯзи сешанбе дар Истамбул гирдиҳам меоянд, то фаъолиятҳои ҷаҳони ислому насрониро дар заминаи рӯйдодҳои 11-сентябр ҳамоҳанг кунанд. Ин конфронсро Туркия даъват кардааст, кишваре, ки бо вуҷуди доштани аҳолии аслан мусулмон ба Ғарб пайравӣ мекунад ва дар баробари кишварҳои дигари исломӣ алайҳи терроризм мубориза мебарад. Ахиран Исмоил Ҷам - вазири хориҷаи Туркия дар як мусоҳибаи телвизионӣ гуфт, он чӣ онҳо дар ин конфронс барои гуфтугӯ матраҳ мекунанд, на ба муноқиша, балки ба ҳамоҳангии тамаддунҳо иртибот дорад. Ба гуфтаи вай, баргузории чунин конфронс низ худ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Ин конфронс таваҷҷӯҳи ҳам кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам таваҷҷӯҳи кишварҳои Созмони Конфронси Исломиро ҷалб кардааст ва дар он бар асоси маълумоти кумитаи тадорукотӣ вазирони хориҷаи Фаронса, Олмон, Юнон, Испания, Ҳоланд, Афғонистон, Миср, Урдун, ва Сурияву Ирон ширкат хоҳанд кард. Франс Пресс мегӯяд, дар феҳристи ширкаткунандагон ҳамчунин номҳои Ҳавиер Солана-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Волтер Швиммер-Дабири кулли Шӯрои Аврупо ва чанд тан аз таърихнигорони амрикоӣ дида мешавад. Масъалаи баргузозории ин конфронсро Туркия замоне ба миён ниҳод, ки баъд аз ҳамлаи 11-сентябр дар баъзе кишварҳои ғарбӣ ба масоҷид ҳамла бурданд ва ё баръакс дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин бар зидди оқибатҳои ҳамлаи талофиҷуёнаи Амрико ба марказҳои террористӣ дар Афғонистон даст ба тазоҳурот заданд. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдории худро аз амалиёти зиддитеррористӣ изҳор карданд, вале кишваҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ ҳамлаи зиддитеррористиро аз як сӯ маҳкум накарданд ва аз сӯи дигар ба таври расмӣ ба ин амалиёт мухолифат нишон надоданд ва нагуфтанд, ки доманаи ин амалиёти низомӣ мумкин аст, то ба баъзе кишварҳои арабӣ ва ё кишвари дигари исломӣ густариш ёбад. Моҳи октябри соли гузашта Исмоил Ҷам-вазири хориҷаи Туркия, ҳангоме ки дар як семинар дар Бруссел сухан меронд, бо такя ба сару садоҳо дар ҷаҳони ислом изҳори нигаронӣ кард, ки гӯё Амрико мехоҳад бо ин амлиёти низомӣ исломро ба зону дарорад. Ба гуфтаи вай, дар ин бора дар ҷаҳони ислом чунин таблиғот ба гӯш мерасад ва бар зидди чунин таблиғот мубориза бояд кард. Вай гуфтааст, Амрико дар марҳилаҳои душвор ба мардуми мусулмон кӯмак кардааст. Вале таҳлилгарон мегӯянд, баъд аз суханони Ҷорҷ Буш-Раиси ҷумҳури Амрико, ки Ирону Ироқ ва Кореяи Шимолиро меҳвари бадхоҳӣ ё аҳриманӣ ном бурд, бо душворӣ метавон гуфт, ки бисёриҳо аз суханони вазири хориҷаи Туркия ҷонибдорӣ кунанд, зеро кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ ин нуқтаи назарро рад мекунанд. Масъалан, Абдулвоҳид Белкезиз-дабири кулли созмони Конфронси Исломӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки изҳороти ахири Ҷорҷ Буш бидуни далел аст ва мумкин аст эътилофи зиддитеррор баъд аз ин суханон эътибори худро аз даст диҳад. Ё Ҳуберт Вердине-вазири хориҷаи Фаронса гуфтааст, бояд воқеияти ҳол омӯхта ва аз гуфтани суханҳои сиёсиву диплумотик худдорӣ шавад. Ба гуфтаи вай, гуфтугӯ на танҳо бояд байни давлатҳо анҷом бигирад, балки воқеъияти иҷтимоъӣ, иқтисод ва амният низ бояд дар назар гирифта шавад. Қарор аст, дар конфронси Туркия душвориҳои ҷиддӣ дар муносиботи Исроилу Фаластин низ баррасӣ шавад. Туркия кишвари узви созмони Конфронси Исломист ва ҳоло талош дорад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд. Ба ин далел дар конфронси мазкур Туркия саъй хоҳад кард байни ин ду созмон ва байни тамаддуни исломиву насронӣ ба унвони як пули васлкунанда нақш бозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG