Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон ғалат будани ҳукми қатли Назриевҳоро тасдиқ мекунанд



Сайидмуҳиддини Оймаҳмад

Мақомоти Тоҷикистон иқрор карданд, ки ҳукми қатли ду айбдоршавандаи сӯйиқасд ба шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ғалат будааст. Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо изҳори афсӯс кард, ки ҳукми қатли ду нафари дигар бо ҳамин айбнома ба иҷро расидааст, ки шояд он ҳам иштибоҳӣ буд.



Дар мулоқот бо раиси парламенти Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев намояндаи тоҷикистонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Марк Жилберт масъалаи ҳукми қатли чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ намуд, ки як рӯз пеш Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид изҳори ташвиш карда буд. Баъди мулоқот Марк Жилберт гуфт, ки ҷаноби Хайруллоев аз тарафи раҳбарияти Тоҷикистон эҳтимоли иштибоҳ будани ҳукми қатли бародарон Назриевро тасдиқ кардааст. Ба эҳтимоли қавӣ бо дахолати ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ парвандаи онҳо бознигарӣ хоҳад шуд. Аммо чанде пеш ҳукми қатли ду нафари дигар бо ҳамин айбномаи сӯйиқасд ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба иҷро расидааст, ки аз ин намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо изҳори таассуф кард. Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар як баёнияи таъҷилӣ даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз ҳукми қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ба раҳбарияти ин кишвар фишор оварда шавад. Марк Жилберт низ гуфт, аз мақомоти тоҷик хостааст, ки масъалаи лағви куллии ин ҳукмро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG