Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милали Муттаҳид ба афви маҳкумшудагони қатл дар Тоҷикистон даъват кард



Хиромони Бақозода

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бародарон Довуд ва Шералӣ Назриевҳо ва ҳамчунин Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддинов дубора бозрасӣ ва ҳукми қатли онҳо бекор шавад.



Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияи худ даъват намуд, ки барои пажӯҳиши такрории парвандаи бародарон Довуд ва Шералӣ Назриевҳо ва ҳамчунин Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддинов ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварда шавад. Тибқи ин санад назриевҳо бо айбномаи кӯшиши сӯйиқасд ба ҷони шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳукми қатл гирифтаанд. Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддинов дар як таркиш дар шаҳри Душанбе айбдор шуда, ба эъдом маҳкум гаштаанд. Аммо ба маълумоти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни пажӯҳиши ин парвандаҳо ба қонуншиканиҳо роҳ дода шуда, иқрори айбдоршавандаҳо дар зери шиканҷа ба даст омадааст. Ин ниҳоди байнулмилал талаб мекунад, ки ҳарду парванда бори дигар баррасӣ шаванд. Аз сӯи дигар раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов метавонад, онҳоро афв кунад. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ҳукми қатлро умуман лағв намояд.

XS
SM
MD
LG