Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал: Ҳукми қатли 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз нав дида шавад



Хиромон Бақозода

Рӯзи чоршанбе кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ду санадеро пахш кард. Ҳуҷҷатҳои мазкур марбут ба қарори ҳукми қатли 4 шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар соли гузашта аз ҷониби Додгоҳи Олӣ бароварда шудааст.

Рӯзи чоршанбе кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ду санадеро пахш кард. Ҳуҷҷатҳои мазкур марбут ба қарори ҳукми қатли 4 шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар соли гузашта аз ҷониби Додгоҳи Олӣ бароварда шудааст. Дар санади аввал гуфта мешавад: бародарон Довуд Назриев ва Шералӣ Назриев дар кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раиси ҳукумати шаҳри Душанбе бо роҳи ташкили як инфиҷор моҳи феврали соли 2000-ум айбдор дониста шудаанд. Дар санади кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфта мешавад, тибқи итиллои ҳуқуқшиносон ва хабарнигорон, хадамоти тафтишотӣ айбдоршудагони аслии ҷинояти мазкурро пайдо накарданд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ба андешаи аъзои оилаи Назриевҳо гуноҳи сӯиқасд ба онҳо махсус бор шудааст, то вайҳо барои иштирокашон дар ҷанги шаҳрвандӣ ҷазо бигиранд. Баъди ҳукми қатле, ки нисбати Довуд ва Шералӣ Назриевҳо моҳи майи соли гузашта бароварда шуд, кумитаи Ҳифзи ҳуқуқи башари байналмилалӣ дархост карда буд парвандаи мазкур барои тафтиши дубора баргардонида шавад. Ва моҳи январи соли ҷорӣ ин дархости Созмони Милал қабул шуд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон, яъне, президент, додситони кулл, вазири умури хориҷа, Додгоҳи Олӣ ва сафири Тоҷикистон дар Русия дархост кардааст, ки парвандаи Назриевҳо дубора дида шавад. Аз раисҷумҳури кишвар дархост шудааст бо истифода аз ҳуқуқи қонунии худ ҳукми қатли ин ду ҷавон ва нафарони дигареро, ки ба қатл маҳкум шудаанд, табдил кунад. Санади созмони башарӣ аз мақомоти дигари Тоҷикистон дархост мекунад, тафтишоти кори Довуд ва Шералӣ Назриевҳо дубора сурат гирад, зеро гуфта мешавад, ки гӯё онҳо дар маҳбас лату кӯб мешуданд ва иқрори онҳо ба воситаи шиканҷа ба даст омадааст.

Дар санади дигаре, ки ҳамчунин рӯзи 6 феврал аз ҷониби кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал пахш шуд, сухан аз сарнавишти ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддинов меравад. Инҳо ба як инфиҷоре, ки 13 июли соли 2001 дар Душанбе рух додааст, айбдор дониста шуданд ва нисбаташон Додгоҳи Олии кишвар қукми қатл баровард. Моҳи октябри соли гузашта парвандаи ҷинойии Садриддин Фатҳиддинов аз ҷониби Додгоҳи Олӣ барои тафтишоти дубора ба Додситонии кулл фиристода шуд. Дар санади дафтари Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон гуфта мешавад, то ҳанӯз натиҷаи тафтишоти мазкур равшан нашудааст. Созмони Милал менависад, ки аз эҳтимол дур нест, нисбати Садриддин Фатҳиддинов ҳам ҳукми қатл бароварда шавад.

Дар ҳуҷҷати ҳифзи ҳуқуқи башар ҳамчунин аз ҳукумат ва мақомоти дахлдори дигари Тоҷикистон даъват мешавад, баррасии кори ҷинойии Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддинов дубора оғоз шавад. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал бар он аст, ки дар вақти пурсиш гумонбаршудагон таҳти фишор қарор доштанд.

Тибқи иттилои раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Салимбой Фатҳуллоев ҳанӯз санади Созмони Милал ба дасти мақомоти кишвар нарасидааст. Ҷаноби Фатҳуллоев афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон барои баррасии парвандаи ҷинойии бародарон Шералӣ ва Довуд Назриевҳо, Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддинов бо кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал омода аст. Дар санади Созмони Милал ҳамчунин як нуқтаи дигар аз ҳукумати Тоҷикистон дархост шудааст, ки ҷазойи ҳукми қатл дар кишвар бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG